Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамла ба донишгоҳи Кано дасти кам 15 кас ҷон бохт


Дар бораи шумораи қурбониёни ҳамла ба донишгоҳи шаҳри Кано, воқеъ дар шимоли Нигерия, иттилоъи гуногун мерасад.

Хабаргузории AFP, бо такя ба шоҳидони ҳодиса, теъдоди қурбониёнро 20 нафар гуфтааст, хабаргузории Рейтер навиштааст, ки дар ин ҳодиса 15 нафар ба ҳалокат расидаанд. Даҳҳо нафари бар асари тирборону таркиш дар донишгоҳ ҷароҳатбардошта ба бемористон интиқол ёфтанд.

Гуфта мешавад, биное ҳадафи ҳамла қарор гирифт, ки он ҷо донишҷӯёни масеҳӣ маросимҳои мазҳабии худро баргузор мекарданд.

Масъулияти ин ҳамларо касе бар дӯш нагирифтааст ва аммо хабаргузориҳо ба ҳузури гурӯҳи «Боко Ҳаром» дар ин шаҳр ишора мекунанд. Моҳи январи соли равон бар асари як ҳамлаи террористии ин гурӯҳ дар Кано 150 нафар ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG