Пайвандҳои дастрасӣ

Мантер: Кобул бояд бо Толибон музокирот кунад


Кэмерон Мантер, сафири ИМА дар Покистон, изҳор намуд, ки сулҳу эътидол дар Афғонистон бидуни ширкати толибони маҳаллӣ дар раванди музокирот ғайримумкин аст. Зимни суханронӣ дар як маҳфил дар шаҳри Лоҳур, дипломати амрикоӣ гуфт, ки афғонҳо бояд худашон мушкили кишварашонро ҳал кунанд, нақши ИМА ва Покистон бояд бо омодагӣ барои кӯмак маҳдуд шавад.

Вошингтон барои ба роҳ мондани музокирот миёни ҷунбиши «Толибон» ва ҳукумати Афғонистон қабл аз хуруҷи низомиёни хориҷӣ дар соли 2014 талош дорад.
XS
SM
MD
LG