Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Бан Ки Мун ба Мянмар шурӯъ шуд


Бан Ки Мун
Бан Ки Мун
Имрӯз сафари серӯзаи Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, ба Мянмар шурӯъ шуд.

Қарор аст, ки ӯ, аз ҷумла, бо раҳбари мухолифини Мянмар, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Аун Сан Су Чжи, дидору гуфтугӯ кунад. Хонум Су Чжи, ки солҳои тулонӣ дар ҳабси хонагӣ қарор дошт, дар интихоботи миёнадаврии ахир вакили парлумон интихоб шуд.

Дар Мянмар баъд аз даҳсолаҳои қудрати низомиён ҳукумати мулкӣ таъсис ёфт, ки зимнан, бо режими ҳарбиён ҳамкории зич дорад.

Қабл аз парвоз ба Мянмар, Бан Ки Мун майл ба демократия дар ин кишварро “заъиф” номид ва изҳори умедворӣ намуд, ки сафари ӯ ба таҳкими раванди ислоҳот дар Мянмар мусоидат мекунад.

Айни ҳол раҳбари сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон ҳам бо як сафари расмӣ дар Мянмар қарор дорад.
XS
SM
MD
LG