Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Борҳо аз ман пурсидаанд, ки аввал тоҷикам, ё аввал мусалмон. Ин суол мисли он аст, ки аз ҳамаи мо дар хурдсолӣ мепурсанд, аввал падарамонро дӯст дорем, ё модарамонро.

Шояд он вақт меҳрубонии модарро ба инобат гирифта аввал модар гуфта бошему сипас падар ва ё баръакс. Вале вақте дақиқ фикр мекунӣ, онҳо бо ҳам гӯшту нохунанд ва чӣ гуна мешавад гӯштро аз нохун ҷудо кард?

Рӯи ин мавзӯъ андеша мекунам ва мегӯям, ҳарчӣ ҳам набошад, миллати тоҷик ва дини Ислом дигар бо ҳам гӯшту нохун шудаанд, ки ба яке аз инҳо авлавият бахшидани мо ногузир аст. Вале бо ин ҳол, дар ҷомеаи мо афроде ҳастанд, ки диндоронро “бегонпарвар” ва онҳоеро, ки аввал худро тоҷик мешуморанд, “худшинос” ном мебаранду миёни ин ду қишри тавоно фосила эҷод мекунанд.

Дар айни замон рӯҳониён ба зиёиён ва зиёиён ба рӯҳониён ниёз доранд, то мушкили ин миллати ранҷдидаву заҷркашидаро баррасӣ ва ҳал намоянд. Вале зоҳиран дину дунявият онҳоро аз ҳам дур нигоҳ медорад, то даст ба дaсти ҳам гузоранд ва барои ин миллат коре бикунанд.

Ин аст, ки чанде пештар дар як маҳфил дар Душанбе Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, пешниҳод кард, бояд вожаҳои “тоҷик” ва “мусалмон” бо ҳам синоним ё ҳаммаъно дониста шаванд. Дар ҳоле ки ба бовари ӯ, ин ду мафҳум ҳатто дар Шӯравии собиқ ба унвони синоним буданд.

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, барои бархе аз миллатҳо як саволи сунъист, ки тоҷикон ҳам аз ҷумлаи онҳоян: “Якчанд миллатҳое ҳастанд, ки барои онҳо ин саволи сунъист. Масалан, русҳо. Дар ҳамин сад соли охир ё бештар аз он ягон зиёии рус ин суол нагузоштаанд, ки рус будан авлавият дорад ва ё православ будан? Ин савол шояд барои як араб ва барои як амрикоӣ ё ҷопонӣ муҳим бошад. Аммо барои интеллигентсияи рус муҳим набуд. Шояд ҳамин вазъият дар мо тоҷикон ҳам бошад. Ё дақиқтараш буд...”

Илова бар ин, иддае аз соҳибназарони тоҷик саҳму масъулияти рӯҳониёни “динӣ” ва зиёиёни “дунявӣ”-ро дар ҳифзи манофеи миллӣ ва ватандӯстиву тоҷикдӯстдорӣ яксон меҳисобанд. Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, бар ин ақида аст, ки касе талош дорад, дар мавриди ҳифзи манофеи миллӣ рӯҳониёну зиёиёни тоҷикро аз ҳам ҷудо бикунад, пас аз ҷумлаи худношиносон хоҳад буд.

Бархе аз рӯҳониёни тоҷик ҳам дар сӯҳбату матлабҳои худ аз тақсимбандии рӯҳониёни динӣ ва зиёиёни дунявӣ изҳори ташвиш кардаанд. Эшони Маҳмудҷон дар як мақолаи худ дар торнамои хонаводагии Тӯраҷонзодаҳо ин табақабандиро ғалат ва иштибоҳ шумурдааст. Вай дар матлаби худ навиштааст, “агар мо ба таърихи фарҳанги худ аз зовияи ин тақсимот нигарем, он гоҳ дар тӯли ин таърих аз “зиёиёни дунявӣ” ному нишоне намебинем. Зеро ҳама офарандагони фарҳанги миллии мо рӯҳонӣ ва дорои маълумоти динӣ будаанд. Чӣ устод Рӯдакӣ, ки ҳанӯз дар ҳаштсолагӣ ҳофизи Қуръон буд, чӣ шайхурраис Ибни Сино, ки муаллифи илоҳиёти "Шифо" ва аз муфассирони Қуръон аст, чӣ Мавлонои Рум, ки пешвои аҳли тариқат будаанд...”

Дар ҳамин ҳол, профессор Иброҳим Усмонов ҳам пешниҳод дорад, ки бояд ба тамғазанӣ ва сангпартоӣ миёни диндорон ва дунявиҳо хотима гузошт. Ӯ мегӯяд, агар ҳар гуфтаи аҳли Исломро мақомоти расмӣ ва афроди дунявӣ ҳамчун андешаи зиддидунявӣ қабул кунанд ва ё рӯҳониён баъзе аз гуфтаҳои дунявиҳоро ҳамчун зиддинӣ қабул намоянд, он вақт ба ҳам омадан ва ё пайвандӣ миёни ин ду қишри ҷомеа дар Тоҷикистон имконнопазир хоҳад буд.

Хонандаи азиз, Шумо чӣ фикр мекунед, оё вақти он нарасидааст, ки дигар посухи ин суолро аз якдигар напурсем? Ё дар сар андешаи дигаре доред? Ба мо бинависед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG