Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳунармандон аз Куба хостори паноҳандагӣ дар ИМА шуданд


Майами - шаҳри орзуҳои сокинони Куба

Майами - шаҳри орзуҳои сокинони Куба

Ду ҳунарманди ҷавони кубагӣ эълом доштанд, ки дар ИМА боқӣ мемонанд ва талоши дарёфти паноҳандагии сиёсӣ дар ин кишварро мекунанд. Ҳавиер Нуниес ва Анелин де ла Руа чанд рӯз пеш дар роҳ ба як ҷашнвораи синамо дар Ню-Йорк ба таври мармӯз ғайб зада буданд.

Ҳунармандони ҷавон рӯзи шанбе дар экрани телевизион пайдо шуданд. Онҳо дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии испанизабони Амрико, ки барномаҳояшро аз Майами (аёлати Флорида), яке аз марказҳои асосии муҳоҷирати кубагиҳо, пахш мекунад, гуфтанд, кору зиндагӣ дар Амрико – орзуи ҳамешавгии онҳо буд.

Рӯзи чаҳоршанбе гурӯҳи синамогарони Куба барои гирифтани ҷоизаи филми “Шаб” ба Ню-Йорк парвоз кард. Ҳангоми таваққуф дар Майамӣ Ҳавиер Нуниес ва Анелин де ла Руа аз ҳамсафаронашон ҷудо шуданд. Нуниес дар филми “Шаб” яке аз нақшҳои асосиро офаридааст.
XS
SM
MD
LG