Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бемористонҳои Днепропетровск 14 захмӣ боқӣ монд


Дар бемористонҳои шаҳри Днепропетровски Украина 14 нафари бар асари силсилаи таркишҳо ҷароҳатбардошта боқӣ монд. Ба гуфтаи масъулини идораи ҳифзи сиҳати шаҳр, вазъи се нафари онҳо сангин аст.

Бар асари силсилаи таркишҳои рӯзи ҷумъа дар Днепропетровск 30 нафар, аз ҷумла, даҳ кӯдак осеб дидаанд. Имрӯз чаҳор наврас бемористонро тарк намуданд.

Масъулияти ҳамларо касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Дар шаҳр чораҳои амниятӣ тақвият ёфтанд, то рӯзи 2 май баргузор кардани намоишҳои оммавӣ мамнӯъ аст.

Виктор Янукович, раисиҷумҳури Украина, дирӯз барои иттилое, ки ба боздошти масъулони чаҳор инфиҷор дар шаҳри Днепропетровск мусоидат мекунад, 2 миллион гривна, муодили 250 ҳазор доллар, ҷоиза эълон кард.
XS
SM
MD
LG