Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори фаронсавӣ дар Колумбия ғайб зад


Дар Колумбия хабарнигори шабакаи телевизионии France 24 Ромео Ланглуа беному нишон ғайб зад.

Бар пояи хабарҳо, хабарнигори фаронсавӣ рӯзи шанбе баъд аз задухӯрди нерӯҳои ҳукуматӣ бо мусаллаҳони гурӯҳи ФАРК дар минтақаи Какета нопадид шудааст. Ланглуа дар бораи амалиёти низомиён алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир гузориш таҳия мекард. Дар задухӯрд миёни сарбозони ҳукуматӣ ва ҷангиёни ФАРК се низомӣ ва як полис кушта шуданд.

Ҳамроҳ бо хабарнигори фаронсавӣ чаҳор каси дигар низ ғайб задаанд. Ҳадс зада мешавад, ки шояд онҳоро ҷангиёни ФАРК бо худ бурда бошанд.Ба иттилои манобеи гуногун, айни ҳол гурӯҳи ФАРК тақрибан чаҳорсад нафари ғайринизомиро ба ҳайси гаравгон нигаҳ медорад.
XS
SM
MD
LG