Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайати баландпояи давлати Қатар ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистонро барои кор ба ин кишвар даъват кардаанд.

Қатар аз Тоҷикистон даъват намудааст, ки ширкатҳои сохтмонии ин кишвар дар бунёди иншооти варзишӣ барои Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки дар соли 2022-юм дар Доҳа баргузор хоҳад шуд, ширкат кунанд.

Манcур Орифов, сардори Раёсати равобити байналмилалии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, рӯзи якшанбе (29-уми апрел) ба Радиои Озодӣ гуфт, ин масъала дар ҷараёни имзои "протоколи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши муҳоҷирати корӣ" аз тарафи намояндагони давлати Қатар дар миён гузошта шудааст. Рӯзҳои 26 ва 27-уми апрел як ҳайати баландпояи давлати Қатар барои оғози ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷирати корӣ бо Тоҷикистон ба Душанбе омаданд. Ҷаноби Орифов афзуд, "дар соли 2022-юм Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар баргузор мегардад ва ба қавли намояндагони он давлати Қатар барои баргузории ин бозӣ 200 миллиард ҷудо кардааст. Онҳо даъват карданд, ки тамоми шароитро барои мутахассисони ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон фароҳам меоранд ва ширкатҳо метавонанд бо коргаронашон дар онҷо кор кунанд."

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Аммо танҳо дар он сурат ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон ва шаҳрвандон метавонанд дар Қатар кор кунанд, ки "Созишномаи байниҳукуматӣ дар мавриди таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷои кор дар давлати Қатар" ба имзо расад. Дар ҷараёни сафари ҳайати баландпояи давлати Қатар маълум шуд, ки ҷониби Қатар тамоми масоили ҳуқуқӣ ва кориро дар созишнома овардааст ва ҳоло ҳама мунтазири мавқеи вазоратхонаҳои зидахли Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати умури дохилӣ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ниҳодҳои масъули кишвар ҳастанд.



Ба қавли Манcур Орифов, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, интизор меравад дар рӯзҳои наздик мақомоти Тоҷикистон назару пешинҳодҳои худро ба бандҳои ин созишнома пешниҳод карда ва ин санадро имзо кунанд. Ӯ афзуд, мувофиқи ин санад давлати Қатар бештар ба мутахассисони ҳирфаии соҳаи тиб ва сохтмонии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дорад. Илова бар ин, ба дуредгарон ва гаҷкорон ҳам алоқа дорад.

Донистани забони арабӣ ҳатмӣ нест, вале агар мутахассис бо ин забон ва ё бо англисӣ сӯҳбат карда тавонад, аз имтиёзи бештаре бархӯрдор хоҳад шуд. Мувофиқ ба созишномаи мазкур қонунҳои давлати Қатар ҳуқуқи коргарро ҳамаҷониба ҳимоят мекунанд ва дар назди кордеҳ ё корфармо масъулияти бештаре гузошта шудааст.

Шодӣ Шабдолов

Шодӣ Шабдолов

То кунун шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти кор бештар ба Русия ва Қазоқистон мераванд. Гуфта мешавад, солона наздики ду миллион аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар ба кору фаъолият машғул мешаванд. Зимнан, шароити кории муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба як мушкилии доимии мақомоти ин кишвар табдил шудааст. Шодӣ Шабдолов, вакили порлумони Тоҷикистон, низ роҳҳои дигари ҷалби муҳоҷирати кории сокинони Тоҷикистонро муҳим мешуморад. Вай мегӯяд, ҳоло ҳама худро ба Русия мезананд ва дар онҷо барои дарёфти маблағ ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд.

Ба қавли Шодӣ Шабдолов, тайи 20 сол шумори созишномаҳо ва қарордодҳои байниҳукумативу байни идоравӣ зиёд ба имзо расидаанд, вале натиҷа нишон медиҳад, ки масъалаҳои асосӣ сарфи назар шудаанд: "Созишномаҳое, ки дар 20 соли гузашта ба имзо расидаанд, ба дарди касе намехӯранд. Ҳой доду фарёд, озодӣ, истиқлолият садо баланд мекунанд, вале ба ин масъалаҳо диққат намедиҳанд ва вақте ки бадрафторӣ ба шаҳрвандон пеш меояд, намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд."

Дар Русия гоҳҳо ҳам мавридҳое пеш омада буданд, ки Маскав аз муҳоҷирон ба унвони абзори фишор болои давлати Тоҷикистон истифода кардааст. Ба ин далел, мақомоти Тоҷикистон талош доранд бо пайдо кардани кишварҳои дигар ва ё алтернативӣ, ки имконияти кору зиндагиро барои муҳоҷирони корӣ фароҳам оварад, шиддати чунин фишору бадрафторӣ ба муҳоҷирони кории тоҷикро коҳиш диҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG