Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоди Олланд: Саркозӣ бо ёрии Қаззофӣ президент шудааст


Ситоди интихоботии номзад ба мақоми раисиҷумҳури Фаронса аз ҳизби сотсиалист Франсуа Олланд талаб кард, ки дар робита ба хабарҳо оиди панҷ сол пеш аз сӯи ҳукумати раҳбари пешини Либия Муаммар Қаззофӣ қисман сармоягузорӣ шудани маъракаи интихоботии раисиҷумҳури феълӣ Николя Саркозӣ парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Олланд ва Саркозӣ дар даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки рӯзи 6 май баргузор мешавад, бо ҳам сабқат мекунанд.

Ҷонибдорони Олланд ба як санади дирӯз дар сомонаи интернетии Mediapart нашршуда ишора кардаанд, ки он гӯё аз сӯи Саркозӣ гирифтани 50 миллион евро аз Қаззофиро тайид мекунад.

Саркозӣ ин иттиҳомро рад кард ва гуфт, ки соли гузашта Фаронса ба ошӯбгарони Либия барои аз байн бурдани режими Қаззофӣ мадад карда буд.

Дирӯз Николя Саркозӣ дар он ҳам айбдор шуда буд, ки дар ташкили моҷарои шаҳвонии яке аз раҳбарони ҳизби сотсиалист ва раиси пешини Сандуқи байнулмилалии пул Доминик Стросс-Кан дар Ню-Йорк даст дорад. Баъди он моҷаро Стросс-Кан аз ширкат дар сабқати президентии Фаронса канор монд. Саркозӣ ин иттиҳомро ҳам рад кардааст.
XS
SM
MD
LG