Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чанде аз расонаҳои амрикоӣ аз истиқрори ҷангандаҳои "F-22" дар наздикии марзҳои Эрон иттилоъ додаанд.

Шабакаи 'Fox News' дар гузорише эълом кард, ки нерӯҳои ҳавоии Амрико чанде аз пешрафтатарин ҷангандаҳои 'F-22'-ро дар яке аз паноҳгоҳҳое, ки бо Эрон наздик ба 320 километр фосила дорад, ҷойгир кардааст.

Рӯзномаи "Вошингтон Пост" низ дар гузорише навишт, нерӯи ҳавоии Амрико эълом карда, ки чандин ҳавопаймои радаргурезро дар пойгоҳе дар ҷанубу ғарби Осиё мустақар намудааст. Ин нашрия менависад, бо ин ки нерӯи ҳавоӣ маҳалли ин пойгоҳро мушаххас накардааст, аммо ба тозагӣ артиши ин кишвар нақлу интиқолоте ба Халиҷи Форс доштааст.

Сухангӯи нерӯҳои ҳавоии Амрико бо ин ҳол ин таҳрикотро мутобиқи барномарезии қаблӣ дониста, ки ба гуфтаи ӯ, барои тақвияти равобити артиши Амрико ва нерӯҳои низомии минтақа ва низ афзоиши амнияти минтақа аст. Ӯ аз зикри шумори ҳавопаймоҳои 'F-22' ва низ муддати замоне ки дар минтақа мемонанд, ба далоили амниятӣ худдорӣ намуд.

Нашрияи 'Aviation Week' нахустин манбае буд, ки аз истиқрори ҳавопаймоҳои 'F-22' дар минтақа хабар дод. Ин нашрия ба нақл аз манобеи худ навишт, ин ҳавопаймоҳо дар пойгоҳи ҳавоие дар наздикии пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб ҷойгир шудаанд. 'Fox News' ҳам истиқрори ин ҳавопаймоҳо дар Иморотро таъйид кардааст.

Ҳавопаймоҳои 'F-22' ҳанӯз дар амалиёти ҷангӣ истифода нашудаанд. Ин ҳавопаймоҳои радаргурез барои ҷанги ҳаво ба ҳаво тарроҳӣ шуда, аммо дар айни ҳол метавонад барои ҳамлаҳои ҳаво ба замин низ ба кор гирифта шавад.

Истиқрори ин ҳавопаймо дар Иморот дар ҳолест, ки қарор аст, даври баъдии гуфтугӯҳои шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон дар марвиди барномаи баҳсбарангези ҳастаии ин кишвар дар Бағдод баргузор шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG