Пайвандҳои дастрасӣ

Арабистони саудӣ сафораташ дар Мисрро мебандад


Эътирозҳо дар канори бинои сафорати Арабистони саудӣ дар Қоҳира

Эътирозҳо дар канори бинои сафорати Арабистони саудӣ дар Қоҳира

Арабистони саудӣ дар мавриди бастани сафорати худ дар Миср ва бозхонди сафираш аз Қоҳира тасмим гирифт. Ин - вокуниш ба эътирозҳои густурдаи зиддисаудӣ дар Миср ва талоши ҳамла ба сафорати кишвар дар Қоҳира аст.

Ширкатдорони намоишҳо алайҳи боздошти як вакили дифоъ ва ҳомии ҳуқуқи башари мисрӣ дар Арабистони саудӣ эътироз карданд. Онҳо мутмаинанд, ки ҳомии ҳуқуқи башар барои интиқоди шоҳ Абдулло ва шикоятҳояш аз бадрафторӣ нисбати мисриҳо дар маҳбасҳои Арабистони саудӣ боздошт шудааст.

Аммо мақомоти Ар-Риёз мегӯянд, ки ҳомии ҳуқуқи башарро бо иттиҳоми нигаҳ доштани маводи мухаддир дастгир кардаанд.
XS
SM
MD
LG