Пайвандҳои дастрасӣ

Бегоҳи 28-уми апрел се бозии даври чаҳоруми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо пирӯзии меҳмонон поён ёфт.

Бозии марказӣ дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат миёни дастаи мизбон - “Хайр” ва “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳузури тахминан 8 ҳазор тамошогар баргузор шуд. Бозӣ дар майдони пур аз обу лой ва зери борони шадид ҷараён гирифт ва табиист, ки ба футболбозон ҳам мушкили зиёд эҷод кард. Бо вуҷуди ин, мухлисон шоҳиди се голи зебо шуданд.

Ин бозӣ бо ҳисоби ду бар як ба фоидаи меҳмонон – дастаи "Равшан" анҷом пазируфт. Ҳарду голро меҳмонон дар нимаи аввали дидор ба самар расонданд. Ҳасан Рустамов, ки дар ин бозӣ вазифаи капитани дастаро бар ӯҳда дошт, дар дақиқаи 31-ум ҳисобро боз кард. Баъд аз ҳашт дақиқа Ҳусейни Моҳрухӣ, легионери эронӣ, голи дувуми "Равшан"-ро ба ҳадаф расонд.

Дар нимаи дувуми дидор меҳмонон аслан аз пайи ҳимояи дарвозаашон шуданд. Мизбонон бошанд, бештар ҳуҷум мекарданд. Мирзобек Мирзоев, ҳамлагари "Хайр", бо дарвозабони "Равшан" Рустам Ризоев як ба як баромад, вале тӯбро хато зад. Танҳо се дақиқа қабл аз анҷоми вақти асосии қисми дуюми бозӣ ба Акмал Авазов, бозигари “Хайр”, муяссар шуд, ки тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон карда, ҳисобро тағйир диҳад.

Дар бозии дигар дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар меҳмонӣ тими “Ҳосилот”-и Фархорро бо ҳисоб 2:0 мағлуб сохт. Дар дақиқаи дувум Наим Улмасов ҳисобро кушод ва дар дақиқаи 44-ум Тоир Зоиров ҳисобро афзунтар кард. Воқеан, “Вахш” ягона дастаест, ки то ҳоло ба дарвозааш гол сар надодааст.

Ҳусейни Моҳрухӣ, легионери эронӣ ("Равшан")

Ҳусейни Моҳрухӣ, легионери эронӣ ("Равшан")

Дар бозии севум, дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент бар тими мизбон -- “Зарафшон” бо ҳисоби бузурги 6:2 ғолиб омад. Ин аввалин пирӯзии “Парвоз” дар мусобиқаи имсола мебошад. Ду голи "Парвоз"-ро Хайрулло Ғайбуллоев (дақиқаҳои 5-ум ва 45+1) ва голҳои дигарро Асадулло Бобоҷонов (13), Ғайрат Абдураззоқов (15), Шероз Абдуллоев (74) ва Мансур Ҳакимов (88) заданд. Голҳои мизбононро Сабур Мулимов (38) ва Қурбоналӣ Собиров (90+1) аз пеналтӣ ба ҳадаф расонданд.

Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии се бозии аввали давраи чорум тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Равшан”-и Кӯлоб бо 9-имтиёзӣ пешсаф шуданд. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо “Вахш” дар ҷои аввал ва “Равшан” дар ҷои дувум қарор доранд. Бояд гуфт, қӯрғонтеппагиҳо як бозӣ камтар кардаанд.

Пас аз анҷоми бозии "Хайр"-у "Равшан" нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Сармураббиёни ҳарду даста – Маъруф Рустамов ("Равшан") ва Тоҳир Мӯъминов ("Хайр") ба саволҳои хабарнигорон посух дода, аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки обу ҳавои номусоид ба шогирдонашон имкон надод, то маҳорати худро комилан нишон диҳанд. Маъруф Рустамов изҳор дошт, “сарпарастон дар назди даста вазифаи баланд, яъне қаҳрамон шуданро гузоштаанд. Ин моро водор месозад, ки дар ҳар як бозӣ, хоҳ дар сафар ва хоҳ дар майдони худ, барои холҳо талош кунем.”

Бояд гуфт, ин бозӣ дар сатҳи баланд барпо шуд ва мухлисони ҳарду даста одоби хуби ҳаводориро намоиш доданд. Футболбозон низ нисбати ҳамдигар бо эҳтиром буданд ва дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ ба чашм намерасид. Сармураббиёни ҳарду даста аз ҳакамии сардовар Рустам Холов (аз шаҳри Душанбе) ва ёваронаш изҳори қаноатмандӣ карданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Вахш"

3

3

0

0

6-0

9

2.

"Равшан"

4

3

0

1

6-4

9

3.

"Хуҷанд"

3

2

1

0

9-5

7

4.

"Хайр"

4

2

1

1

8-5

7

5.

"Регар-ТадАЗ"

2

2

0

0

7-1

6

6.

"Энергетик”

3

1

2

0

7-6

5

7.

"Истиқлол”

3

1

1

1

5-3

4

8.

"Зарафшон”

4

1

1

2

7-10

4

9.

"Парвоз”

4

1

0

3

9-10

3

10.

ССКА "Помир”

2

1

0

1

3-4

3

11.

"Истаравшан”

3

1

0

2

6-8

3

12.

"Ҳосилот”

4

0

0

4

3-11

0

13.

"Гвардия”

3

0

0

3

1-10

0


Голзанҳои беҳтарин: Габриэл Донто (“Энергетик”) - 5 гол; Индус Ҳусейнзода (“Хуҷанд”)- 4 гол, Аҳтам Ҳамроқулов (Регар-ТадАЗ)-3 гол.

Даври 4-ум
28-уми апрел (шанбе)

«Ҳосилот» - «Вахш» - 0:2
«Хайр» - «Равшан» - 1:2
«Зарафшон» - «Парвоз» - 2:6

29-уми апрел (якшанбе)
«Регар-ТадАЗ» - ССКА «Помир». Варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода
«Истаравшан» - «Гвардия». Варзишгоҳи "Родник"-и ноҳияи Спитамен
«Истиқлол» - «Энергетик». Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Оғози бозиҳо – соати 16:00.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG