Пайвандҳои дастрасӣ

Даргириҳо дар Сурия идома доранд


Нозирони байнулмилалӣ дар Ҳумс

Нозирони байнулмилалӣ дар Ҳумс

Бар асари задухӯрдҳо дар канори шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия, дасти кам 10 низомии собиқи ҷониби мухолифин гузашта ба ҳалокат расиданд,. Аз ин пеш созмони дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Лондон, хабар дода буд, ки дар канори бӯстонсарои тобистонаи раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дар Лозиқия задухӯрд ба вуқӯъ пайваст ва аммо дар бораи талафот дар он иттилое зери даст нест.

Даргириҳо дар Сурия дар ҳоле идома доранд, ки ду ҳафта пеш бар пояи тарҳи сулҳи пешниҳодкардаи фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳоди кишварҳои араб Кофӣ Аннон миёни артиш ва мухолифини мусаллаҳи Сурия оташбас эълон шуд.

Имрӯз генерали норвегӣ Роберт Муд, ки СММ масъулияти раҳбарӣ ба ҳайати нозирони байнулмилалиро бар ӯҳдаи ӯ гузоштааст, вориди Димишқ мешавад. Қарор аст, ки 300 нозири СММ раванди иҷрои оташбас дар Сурияро назорат кунанд.
XS
SM
MD
LG