Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Толибон" масъулияти ҳамла дар Қандаҳорро ба дӯш гирифтанд


Намояндаи “Толибон” Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ гуфт, ки ҳамлаи ахир ба муассисаҳои ҳукуматӣ ва қароргоҳи волии Қандаҳори Афғонистонро ҷангҷӯёни ин ҷунбиш анҷом додаанд. Бар пояи иттилои ахир, дар задухӯрд ду маргталаби эҳтимолӣ ва ду корманди хадамоти амниятии Афғонистон ба ҳалокат расидаанд.

Ҷангҷӯён имрӯз дар минтақае, ки он ҷо муассисаҳои ҳукуматӣ ҷойгиранд, бо нерӯҳои амниятӣ вориди даргирӣ шуданд. Мақомоти Қандаҳор гуфтанд, ки ҷангҷӯён бо худ “камарбанди шаҳид”, норинҷак ва автомат доштанд.

Дар задухӯрд, ки ним соат идома дошт, ба нафаре аз кормандони ҳукумати Қандаҳор осеб нарасидааст.
XS
SM
MD
LG