Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқдонҳо: Барои парчам пул ҳасту барои муҳоҷирон не?


Ҳомиёни ҳуқуқи Тоҷикистон дар гузориши алтернативии худ ба Созмони Милал чанде аз тавсияҳояшонро ба ҳукумат низ баён доштаанд.

Ба навиштаи онҳо, бо афзоиши тадриҷии муҳоҷирати тоҷикон мушкилоташ ҳам меафзояд, ки барои ҳалли онҳо иқдомоти кофӣ дар сатҳи сиёсӣ ва қонунгузорӣ анҷом дода намешавад. Дар ин гузориш мехонем, муҳоҷират тайи 15 соли ахир як роҳи асосии пешбурди зиндагии мардум дар Тоҷикистон шудааст.

Танҳо дар соли гузашта бино ба омори расмӣ бештар аз 735 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои ёфтани кор ба хориҷ ва асосан ба Русия рафтаанд, ки он кишварро ба истилоҳ “мизбони номеҳрубону миннатгузор” меноманд. Маргумири зиёди муҳоҷирон, фиреби онҳо, шароити тоқатфарсои иқомат, бадрафтории пулиси Русия бо муҳоҷирон масоили сари забонҳо дар Тоҷикистон аст.

Нодира Абдуллоева, аз Маркази ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва аз муаллифони гузориш, мегӯяд, бо назардошти ҷанбаҳои манфии муҳоҷирати корӣ онҳо ба ҳукумат тавсия додаанд, то сари як масъалаи асосии пешгирӣ аз муҳоҷират бештар андеша кунад: “Мо гуфтем, фаъолият барои офаридани ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар ҳадди ақалл барои дарозмуддат бештар карда шавад. Шароити сармоягузорӣ дар кишвар беҳтар карда шавад. Яъне, дар маҷмӯъ вазъи иқтисодии кишвар беҳбуд ёбад, то омилҳои муҳоҷират аз байн раванд ва мо шоҳиди паёмадҳои манфии ин тамоюл нашавем."

Аммо на танҳо муҳоҷирони тоҷик дар Русия рӯзҳои сахтро пушти сар мекунанд, балки хонаводаҳои танҳомонда низ вазъи беҳтар аз муҳоҷирон надоранд. Нодира Абдуллоева мегӯяд, як тавсияи дигар ба ҳукумат ин аст, ки дар ғами хонаводаву бачаҳои муҳоҷирон ҳам бошад: “Ҳамчунин мо тавсия додем, то вазъи хонаводаҳои муҳоҷирон беҳтар карда шавад, зеро ҳоло ҳамсарону кӯдакони муҳоҷироне, ки онҳоро тарк кардаанд, мушкилоти бисёр зиёд доранд. Бахусус, кӯдакон, ки бинобар набудани волидонашон ба мушкилоти равонии зиёд гирифтор шудаанд."



Бино ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират, занону кӯдакони баъзе аз муҳоҷирони “сангдил”, ки дар Русия монда, онҳоро ба ҳоли худашон гузоштаанд, зиндагии сахту машаққатборе доранд ва дарду алам ва сахтиҳои кашидаи ин занон дар симои онҳо ҳувайдост. Як масъалаи дигаре, ки ҳомиёни ҳуқуқ дар гузориши алтернативии худ ба Созмони Милал матраҳ кардаанд, кумакҳои ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон дар хориҷ аз кишвар, бахусус дар Русия, аст. Бисёр шудааст, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия мегӯянд, дар сурати ба бало гирифтор шудан ва ё омадани мусибат ба сарашон, ҷое надоранд, ки арзу додашонро бигӯянд.

Нодира Абдуллоева дар ин бора афзуд: “Мо ҳамчунин ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ аз тарафи консулгариҳои кишвар дар хориҷ таваҷҷӯҳ кардем. Зеро Аҳдномаи байнулмилалии ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ кафолат медиҳад, ки ҳар муҳоҷири корӣ бояд аз кӯмаки муносиби консулгариҳо баҳраманд бошад. Мо гуфтем, намояндагиҳое, ки ҳоло дар Тоҷикистон дорем, бисёр кам аст. Мо дар Русия барои як миллион муҳоҷири корӣ фақат як сафоратхона ва ду консулгарӣ дорем, ки имкон намедиҳад, ба онҳо кӯмакҳои муносиб расонида шавад. Дар ин замина мо ба ҳукумат тавсия додем барои кӯмак ба муҳоҷирон аз фанновариҳои мухобиротии нав истифода кунад, ки муҳоҷирон аз тариқи онҳо тавонанд, шиносномаҳои гумшудаашонро барқарор ё мӯҳлати санадҳояшонро тамдид кунанд. Ё саргардон нашуда санадҳоро аз тариқи Интернет супурда тавонанд."

Хонум Абдуллоева гуфт, бо вуҷуди талошҳо барои ба низом даровардани муҳоҷирати корӣ ва кӯмак ба ин қишри ҷомеа давлати Тоҷикистон метавонад, дар сурати хостан дар ҳаққи ин мардум ғамхории бештар кунад. Ӯ меафзояд, "яке аз мушкилоте, ки мо дар бораи он гуфтем, маблағгузории нокофӣ барои иҷрои барномаи муҳоҷират аст. Мо намуна овардем, вақте дар Тоҷикистон парчами баландтарин дар ҷаҳонро бардоштанд ва ё Наврӯзро таҷлил карданд, ҳукумат тавонист, барои ин корҳо ҳам пули давлат ва ҳам бахши хусусиро ҷалб кунад. Чаро дар масъалаи муҳоҷират ҳамин корро карда наметавонем, вақте тақрибан 1 миллион муҳоҷир дорем ва онҳо қишри осебпазиранд, ки метавонанд истисмор ва қурбонии қочоқи инсон шаванд."

Дар гузориши алтернативии созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар бораи муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон мехонем, ҳузури зиёди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия онҳоро метавонад, ба гаравгон дар муомилоти сиёсии ду кишвар табдил диҳад. Гузашта аз ин, пойбандӣ ба кумакпулиҳои муҳоҷирон, ки миллиардҳо доллар ва 45 дарсади тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ба гузашти кишвар ба марҳилаи рушди қавӣ ва мунназами иқтисодӣ мусоидат нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG