Пайвандҳои дастрасӣ

Теҳрон музокирот бо МАГАТЭ-ро аз сар мегирад


Алӣ Асғар Султония

Алӣ Асғар Султония

Як намояндаи Эрон гуфт, кишвараш музокирот бо МАГАТЭ - Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаиро аз сар мегирад.

Намояндаи Эрон дар ин ниҳод Алӣ Асғар Султония хабар дод, ки гуфтушунидҳо рӯзҳои 13 ва 14-уми май дар шаҳри Вена баргузор хоҳанд шуд. Ӯ афзуд, ин тасмими Теҳрон баёнгари аҳдофи осоиштаи барномаи ҳастаии Эрон аст ва ҳама иттиҳом дар бораи талошҳои соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудани кишвар бепояву бунёданд.

Қабл аз ин, Эрон музокирот оид ба барномаи ҳастаияш бо панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милал ба изофаи Олмонро аз сар гирифт ва қарор аст, даври навбатии он рӯзи 23-уми май дар Бағдод сурат гирад.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, Кетрин Аштон, баъд аз поёни даври аввали музокироти Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ, ҳадаф аз гуфтугӯро "даст ёфтан ба як роҳи фарогир ва бар асоси гуфтугӯ" унвон кард. Вай изҳор дошт, "мехостем бидонем, оё Эрон барои як раванди идомадор аз ҷиддият бархӯрдор аст ё на. Мо имрӯз ин музокиротро оғоз кардем, то аз ин амр итминон ҳосил кунем."

Хонум Аштон афзуд, "дар марҳилаи аввал паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ меҳвари аслии кор буд. Дувум, ба дунболи ин ҳастем, ки Эрон ба ҳама тааҳҳудоти байналмилалии худ амал кунад. Севум, қадам ба қадам корро идома диҳем."

Саид Ҷалилӣ, дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон низ дар як нишасти хабарии ҷудогона изҳор дошта буд, ки гуфтугӯҳо "муваффақ" буданд. Ҷаноби Ҷалилӣ гуфт, пас аз таъйиди пешнависи ҳамкориҳои нишасти севуми моҳи май дар Бағдод, ҳамкориҳои дуҷониба шурӯъ хоҳад шуд ва мо шоҳиди гомҳое аз ҳамкорӣ дар арсаҳои мухталиф хоҳем буд.

Ахиран вазири умури хориҷии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ дар мавриди комёб шудани ин музокирот изҳори хушбинӣ кард. Теҳрон ҳадсу гумони ҷомеаи байнулмилалӣ дар бораи талоши дастёбияш ба силоҳи ҳастаиро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG