Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Қандаҳор


Дар вилояти Қандаҳори Афғонистон дар задухӯрд бо кормандони нерӯҳои амниятӣ ду маргталаби эҳтимолӣ кушта шуданд. Ин ду нафар мехостанд ба минтақае, ки он ҷо муассисаҳои ҳукуматӣ ҷойгиранд, ворид шаванд. Ба иттилои расмӣ, ҷангҷӯён бо худ “камарбанди шаҳид”, норинҷак ва автомат доштанд.

Дар задухӯрд ду тан аз муҳофизони муассисаҳои ҳукуматӣ ҷароҳат бардоштанд. Ба нафаре аз кормандони масъули ҳукуматӣ осеб нарасидааст.
XS
SM
MD
LG