Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико аз шаҳрвандонаш хостааст, ки қабл аз сафар ба Эрон хатарҳои чунин иқдомро ҳам дар назар бигиранд.

Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида рӯзи ҷумъа, 27-уми апрел, бо интишори баёнияе гуфт, шаҳрвандоне, ки тобеияти дугонаи эронӣ - амрикоиро доранд, мумкин аст, ба ҳангоми хуруҷ аз Эрон бо мушкил рӯбарӯ шаванд.

Дар ин баёния аз шаҳрвандони амрикоӣ хоста шудааст, ба ахбору таҳаввулот таваҷҷӯҳ карда ва сафарҳои ғайризарурии худ ба Эронро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, баёнияи кунунӣ ба унвони ҷойгузини ҳушдори сафар барои Эрон дар моҳи октябри соли 2011 аст.

Ин вазорат гуфтааст, "бархе аз омилҳо дар Эрон ҳамчунон бо Иёлоти Муттаҳида тахосум (душманӣ) доранд. Ба ҳамин далел, шаҳрвандони Амрико мумкин аст ба ҳангоми сафар ё иқомат дар Эрон боздошт ё мавриди озору азият қарор бигиранд." Департаменти давлатии Амрико изофа кардааст, ки "аз соли 2009 то кунун мақомоти эронӣ монеи хуруҷи теъдоде аз шаҳрвандони амрикоии эронитбор, аз ҷумла рӯзноманигорону донишгоҳиён шудаанд, ки ба далели шахсӣ ё ҳирфаӣ ба Эрон сафар карда буданд."

Ҳамчунин дар идомаи баёния мехонем, "мақомоти Эрон ба ноҳақ шуморе аз шаҳрвандони амрикоиро ба иттиҳомоте чун ҷосусӣ ва иқдом алайҳи амнияти миллӣ боздошт кардаанд." Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, шаҳрвандони амрикоии эронитабор бояд пеш аз сафар ба Эрон хатари ҳадаф қарор гирифтан тавассути мақомоти ин кишварро дар назар бигиранд. Дар ҳоле ки давлати Эрон дархости дафтари ҳофизи манфиатҳои Амрико барои дастрасӣ ба шаҳрвандони амрикоии зиндониро рад карда ва тобеияти дугонаро ба расмият намешиносад.

Вазорати умури хориҷии Амрико бо ишора ба саркӯби ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ тавассути ҳукумати Эрон аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст, аз сафар ба манотиқе чун Курдистон, Сиистон ва Балуҷистон, ноҳияҳои наздимарзии Эрон бо Афғонистон, Покистон ва Ироқ худдорӣ кунанд. Вазорат афзудааст, "тавоноии мо барои кумак ба шаҳрвандони Амрико дар Эрон дар шароити изтирорӣ ба шиддат маҳдуд аст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG