Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумори куштаҳои ҳамлаи Димишқ ба 9 расид


Матбуоти давлатии Сурия мегӯяд, шумори қурбониёни ҳамлаи маргталабонаи рӯзи ҷумъа дар Димишқ ба 9 нафар расид. Ин расонаҳо ҳамларо кори дасти “террористҳо” хонда, мегӯянд, дар он 30 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Субҳи ҷумъа дар бораи таркиш дар минтақаи саноатии пойтахти Сурия низ гузориш шуда буд. Ин мавҷи ҳамлаҳо дар ҳолест, ки талошҳои байналмилалӣ барои хатми 13 моҳи ошӯбҳо алайҳи режими Башор Асад идома дорад. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун рафтори давлати Сурияро муноқиз бо тарҳи сулҳ хонда, Амрико аз сарпечии Асад аз иҷрои ин тарҳ изҳори таассуф кард.
XS
SM
MD
LG