Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҳи сабуки сокинони "ҷазираҳои марзӣ"


Марзи Тоҷикистон ва Узбакистон (акс аз бойгонӣ)
Марзи Тоҷикистон ва Узбакистон (акс аз бойгонӣ)

Сокинони деҳоти Сарваки ноҳияи Ашт ва Равоти ноҳияи Конибодом панҷ рӯз аст, ки нафаси озод мекашанд.

Шурӯъ аз 22-юми апрели соли ҷорӣ Узбакистон ба онҳо иҷоза дод, ки бо роҳҳои маъмулӣ аз "ҷазира"-ҳои "робинзонӣ"-ашон ба марказҳои маъмурии худ дар Тоҷикистон бидуни мушкилот равуо кунанд.

Зафар Собиров, раиси ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт, ки деҳаи Сарвакро низ дарбар мегирад, мегӯяд, равуои мардум бамаротиб содда ва осон шудааст: "Пеш 42 километр чарх зада ба деҳа мерафтанд, ҳоло бо роҳи пештара ин масофа 8 километр шуд. Мардум хеле хурсанд. Бо мошинҳои худашон равуо мекунанд. Рӯйхати сокинони Сарвакро бо аҳли оилаашон тартиб додаанд, сабти ном кардаанд. Аз рӯи он марзбонҳо онҳоро иҷоза медиҳанд."

Деҳаи Сарвак 810 бошанда дорад ва дар марзи вилояти Намангони Узбакистон ҷойгир аст. Сокинони деҳа 9 моҳи ахир наметавонистанд ба маркази ҷамоат ё ноҳия равуои осон дошта бошанд. Онҳоро зарур меомад, ки бо мошин 42 километр роҳро давр зада, ба маркази ҷамоат беморони худро расонанд. Ба қавли сокинон, расидагии мақомот ба ягон ҷиноят, баргузории ҷаласа ё интихобот низ дар ин деҳа ба мушкилиҳо даст медод. Зафар Собиров мегӯяд, ҳоло рӯйхати масъулини ҷамоату ноҳия низ тартиб дода мешавад, ки ба марзбонони узбак пешниҳод хоҳад шуд.

Вазъи «ҷазираи марзӣ» - и дигар миёни Тоҷикистону Узбакистон – деҳаи Равоти ноҳияи Конибодом дигаргуна аст. 58 оилаи ин деҳа дар марзи вилояти Фарғонаи Узбакистон 58 гектар боғу чарогоҳ доранд.

Маъруф Маҳмадов, сокини ин деҳа бо ифтихор мегӯяд, ки замони шӯравӣ танҳо аз ин «ҷазираи» имрӯза даҳҳо тонна ангур ба Русия интиқол меёфт. Вай афзуд, пас аз соли 1991 мардум маҷбур шуданд, ки токзорро ба боғи зардолу иваз кунанд, аммо як соли ахир ҳатто заминҳои худро дуруст обёрӣ карда наметавонистанд: «Ҳоло роҳи кӯҳна кушода шудааст. Ҳама пушти кору бори худ ҳастем. Масофа аз 15 километр ба 150 метр коҳиш ёфт. Пеш ҳамин 15 километрро бо мошин чарх зада, ба заминҳоямон мерафтем. Ҳозир барои мошин ҳам 150 метр. Ҳам мошинҳо ва ҳам одамон бо ҳамин роҳ равуо карда истодаанд.»

Дар ҳоле, ки сокинони «ҷазираҳои марзӣ» табли шодӣ мезананд, расонаҳои Русия аз қавли раҳбарияти Кумитаи марзбонии Узбакистон хабар нашр карданд, ки Тоҷикистон тааҳҳудоти худро дар бораи содда кардани равуои бошандагони ин маҳалҳо иҷро намекунад. Дар изҳороти ин кумита омадааст, ки бино бар тавофуқи раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Узбакистону Тоҷикистон аз 14 апрели соли равон, Тошканд бидуни интизор шудани мӯҳлати даҳрӯза, сар аз 22 апрел ба убури сокинони маҳалли Сарваки ноҳияи Ашт ва деҳаи Работ роҳ дод, аммо Душанбе ӯҳдадориҳои гирифтаи худро ба иҷро нарасонд. Дар ин изҳорот омадааст, ки чун Тоҷикистон тааҳҳудоти худро иҷро намекунад, ҷониби Узбакистон ҳам аз онҳо даст хоҳад кашид.

Аммо, Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, марзбонони Тоҷикистон ҳама ӯҳдадориҳои худ дар доираи созиши ҳосилшуда миёни масъулони ин ниҳод ва Кумитаи марзбонии Узбакистонро риоят мекунанд: «Даҳ рӯз гузашту рӯзи ёздаҳум мо ба иҷрои қарордод шурӯъ кардем. 25-уми апрел барои равуо ва иқомати муваққатии 23 хонавода аз деҳкадаи «Казарма»-и ҷамоати Ҳомид Олимҷони шаҳри Бекобод ба Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи марзӣ иҷозат дода шудааст.»

Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки оё баҳсе, ки Узбакистон дубора доман задааст, чӣ маънӣ дорад ва оё сокинони «ҷазираҳои марзӣ» - дигарбора ба вазъи пешинаашон бармегарданд? Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, мушкили вижае пеш наомадааст. Аммо дар гузашта ҷониби Узбекистон ҳамеша мехост нишон диҳад, ки дар амри иҷрои тааҳҳудот миёни ду кишвар ҷониби Тоҷикистон саҳлангорӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Тилав Расулзода, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, дар асл чизе рух надодааст, ки мӯҷиби ин гуна баҳсҳо бошад: «Ин чизи ҷузъӣ аст. Агар хоҳиш бошад, чизе баҳона шуда наметавонад. Агар ҷониби Тоҷикистон бигзор бо се рӯз таъхир ба иҷрои шартнома шурӯъ карда бошад, наметавонад ҷои баҳс бошад. Агар ирода қавӣ бошад, дар се рӯз тағйир додани он, ки ба сарнавишти садҳо инсон бастагӣ дорад, имкон надорад.»

Аммо сокинони Сарваку Равот мегӯянд, аз ҳамчунин баҳсҳо нигарон ҳастанд ва ба иродаи сиёсии ҷонибҳо бовар мекунанд.
XS
SM
MD
LG