Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мурофиаи 5 пулиси қазоқ дар Мангистав


5 пулис дар вилояти Мангистав дар ғарби Қазоқистон бо иттиҳоми сӯъиистифода аз мақом дар ҷараёни саркӯбии ошӯби хунини Жанаозен ба додгоҳ эҳзор шуданд. Дар эътирози рӯзи 17 декабр дар ин шаҳри нафтӣ дастикам 16 нафар кушта шуд. Се тан аз эҳзоршудагон афсарони баландпояи пулис будаанд. Ду рӯз пеш як зиндонбон аз Жанаозен низ ба додгоҳ эҳзор шуда, мурофиаи 49 нафари мулкӣ бо иттиҳоми таҳрики ошӯб дар Жанаозен ва ҳамсояшаҳри Шетпе идома дорад.
XS
SM
MD
LG