Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои Толибон гузаргоҳҳои амн хоҳанд кушод


Покистону Афғонистон ва Амрико мегӯянд, барои он ҷангиёни Толибон, ки ба музокироти сулҳ мепайванданд, роҳҳои амн боз хоҳанд кард. Мақомоти ин 3 кишвар дар Исломобод гуфтанд, ки барои баррасии ин пешниҳод як гурӯҳи коршиносон ташкил хоҳад шуд. Муовини вазири хориҷаи Афғонистон Ҷовид Лудин гуфт, «мо бояд тавони пайдо кардани онҳоеро ки азми музокирот доранд, дошта бошем ва барои онҳо роҳҳои гузар ва муҳите бояд эҷод кунем, ки онҳо худро амн эҳсос кунанд.» Нишасти дурӯзаи намояндагони 3 кишвар дар Исломобод бахше аз талошҳо барои эҳёи музокироти сулҳ бо Толибон ва равобити сардшуда байни Вошингтону Исломобод буд.
XS
SM
MD
LG