Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи маргталабона дар маркази Димишқ


Матбуоти давлатии Сурия дар бораи ҳалокати дастикам 5 нафар ва ҷароҳат бардоштани ҳудуди 20 тани дигар дар таркиши рӯзи ҷумъа дар минтақаи Майдони Димишқ хабар додааст. Масъулияти ин ҳамларо ба “террористҳо” бор мекунанд. Субҳи ҷумъа аз як таркиши дигар дар минтақаи саноатии Димишқ гузориш шуда буд. Ин мавҷи ҳамлаҳо дар ҳолест, ки талошҳои байналмилалӣ барои хатми 13 моҳи ошӯбҳо алайҳи режими Башор Асад идома дорад. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун рафтори давлати Сурияро муноқиз бо тарҳи сулҳ хондааст.
XS
SM
MD
LG