Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз боронгариҳои рӯзҳои 29-30 апрел


Оҷонси давлатии ҳавошиносиии Тоҷикистон барои рӯзҳои 28-30 апрел боришоти зиёд ва селхезиро пешбинӣ мекунад. Анастасия Кутузова, як масъули Оҷонси давлатии ҳавошиносии Тоҷикистон дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои «Озодӣ гуфт, дар ин рӯзҳо боришот ба маротиб зиёд шуда ва оби дарёҳо боло меравад. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ба эҳтимоли зиёд бориши шадид дар водии Зарафшон, вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ иттифоқ афтад. Ба иллати боло рафтани мизони оби рӯдхонаҳо обхезиҳо дар назар дошта шудааст. Ин масъули оҷонсии ҳавошиносиии Тоҷикистон афзуд, дар манотиқи кӯҳистонӣ ба хусус баландкӯҳҳо, аз ҷумла гарданаҳои Анзоб, Хобуработ ва Шаҳристон фаромадани тарма дар назар дошта шудааст. Ба ин хотир ин масъули ҳавошиносии Тоҷикистон ба ронандаҳо тавсия медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар ин ҷодаҳо аз эҳтиёти тамом кор бигиранд. Хонум Кутузова мегӯяд, борони шадид ва селобаи ҳамроҳ бо шамол то поёни моҳ идома хоҳад дошт. Ва аммо ҳавои моҳи май дар қиёс бо солҳои қаблӣ то ду дараҷа гармтар пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG