Пайвандҳои дастрасӣ

Чор таркиш дар Днепропетровски Украина


Рӯзи ҷумъа шаҳри Днепропетровск дар шарқи Украинаро дастикам 4 таркиш таккон дод. Сухангӯи вазорати изтирории Украина гуфт, дар маҷмӯъ 27 нафар, бо шумули толибилмон, маҷрӯҳ шудаанд. Ба гуфтаи додситонӣ, тафтишот фарзияи «аъмоли террористӣ»-ро баррасӣ мекунад. Раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович, ки бо сафаре дар вилояти Қрим қарор дорад, таркишҳоро «чолиши бузург барои тамоми кишвар» номид. Вазири умури дохила Виталий Захарченко ба хотири назорати раванди таҳқиқот оҷилан ба Днепропетровск рафтааст. Ҳамаи таркишҳо дар манотиқи пуриздиҳом рух додаанд.
XS
SM
MD
LG