Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон содироти гази табиии худ ба вилояти Суғди Тоҷикистонро шурӯъ кардааст.

Як манбаи наздик ба ширкати «Тоҷиктрансгаз» гуфт, аз рӯзи панҷшанбеи 26-уми апрел интиқоли гази табиии Узбакистон ҳамчунин ба шаҳри Душанбе ва навоҳии марказии Тоҷикистон низ аз сар гирифта шудааст. Вале ин манбаъ нагуфт, ки ҳаҷми гази табиии воридшаванда аз Узбакистон чӣ миқдор аст.

Воридоти гази табиӣ шароити кор дар корхонаи сементи шаҳри Душанберо, ки аз аввали апрели соли ҷорӣ тавлидотро қатъ карда буд, фароҳам кардааст. Ва гуфта мешавад ин корхона ҳоло бо дарёфти 6000 метри мукааб дар як шабонарӯз 600 тонна семент истеҳсол мекунад.

Аммо воридоти гази табиии Узбакистон ба қисмати шимоли Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки соири корхонаҷоти ин кишвар аз ангишт ба унвони маводди сӯхт истифода мекунанд.

Узбакистон аз аввали апрели соли ҷорӣ содироти гази табиӣ ба Тоҷикистонро комилан қатъ кард. Ин амали Узбакистон боис шуд, ки муҳимтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон ширкати «Талко» тавлидоти худро то ҳадди бист дар сад коҳиш бидиҳад. Вале аз нимаи дуввуми моҳи ҷорӣ Узбакистон танҳо барои ин корхона розӣ шуд гази табиӣ содир кунад.

Ширкати "Узтрансгаз" аз рӯзи 16-уми апрел интиқоли газ ба Тоҷикистонро оғоз намуд. Рӯзи 11-уми апрели соли ҷорӣ миёни ин ширкат ва "Тоҷиктрансгаз" қарордод имзо ва интиқоли газ аз Узбакистон ба Тоҷикистон рӯзи 16-ум аз сар гирифта шуд.

Дар аввали соли ҷорӣ низ Узбакистон бидуни огаҳӣ интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ карда ва танҳо ба дунболи сафари ҳайати баландпояи ин кишвар, таҳти сарварии муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон ба Тошканд ва имзои созишномаи нави интиқоли гази табиӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон 5-уми январ мушкил рафъ гардид.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG