Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе иддаои Тошкандро радд мекунад


Душанбе иддаои Тошканд дар бораи риоят нашудани тавофуқоти бадастомада дар музокироти ду ҳафта пеши мақомоти марзбонии Тоҷикистону Узбакистонро радд мекунад. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, тибқи ин тавофуқ, аз 25 апрел равоу ва иқомати муваққати сокинони рустои Казармаи Бекободро иҷозат додаанд. Аммо Кумитаи марзбонии Узбакистон мегӯяд, ки равуои озоди сокинони рустои Сарваки ноҳияи Аштро ҳанӯз аз 22 апрел иҷозат дода буд, вале ҷониби Тоҷикистон тааҳҳуди худ дар мавриди аҳли рустои Казармаро то 24 апрел иҷро накард.
XS
SM
MD
LG