Пайвандҳои дастрасӣ

Қочоқи 90 тонна маводи сӯхт дар марз бо Тоҷикистон


Марзбонони қирғиз дар марз бо Тоҷикистон 4 мошин бо 90 тонна маводи сӯхти қочоқиро боздошт кардаанд. Ин талоши қочоқи маводи сӯхт рӯзи 24 апрел дар минтақаи марзии Бодканд, ки бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз аст, сурат гирифтааст. Қирғизистон ба фарқ аз Тоҷикистон маводи сӯхтро аз Русия бидуни боҷи гумрукӣ ворид мекунад ва ба ин далел, мавридҳои қочоқи бензину солярка аз Қирғизистон ба Тоҷикистон дар ду соли охир афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG