Пайвандҳои дастрасӣ

"Сипар" аз Бишкек бо ҷоиза баргашт


Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Гурӯҳи ҳунарии «Сипар»-и вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз шаҳри Бишкеки Қирғизистон бо ҷойиза баргашт.

Дар шаҳри Бишкек рӯзҳои 13 то16 апрели соли равон як ҷашнвораи байналмилалии мусиқии ҷаз баргузор гардид. Дар ин ҷашвора дастаҳои ҳунарӣ аз Амрико, Туркия, Австралия, Урдун, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон Тоҷикистон ва чанд кишвари дигар ширкат кардаанд.

Илҳом Муҳиддинов, яке аз навозандаҳои дастаи «Сипар» гуфт, ҳайати ҳунарӣ дар раъси Умар Зиёев - ва аъзои даста Умаров Ҷӯрабек, Муҳиддинов Илҳом, Қаландаров Далер ва Александр Малашев дар ин ҷашнвора ширкат варзиданд.

Дастаи «Сипар» барои такмили беҳтарини оҳанги «Караван» аз бастакори амрикоӣ Дюк Элингтон
соҳиби ҷоиза шудааст. Дюк Элингтон басткори амрикоӣ ин оҳангро дар соли 1928 эҷод кардааст ва то ҳоло он дар саросари дунё навохта мешавад.

Ансамбли «Сипар»- и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2000 таъсис ёфта, то ба имрӯз бо барномаҳои консертии рангину ҷолиб ва ҳунарнамоии хос дар баробари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин ҳаводорону мухлисони зиёдеро аз ҳисоби намояндагони касбу кори гуногун пайдо кардааст.

Онҳо дар кулли чорабиниҳои cиёсию фарҳангии ВКД иштирок намуда, бо ҳунару истеъдоди худ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ғизои маънавӣ ва рӯҳу илҳоми тоза мебахшанд. Роҳбарии ансамбли мазкурро Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Умар Зиёев ба ӯҳда дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG