Пайвандҳои дастрасӣ

Расул Боқиев, паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо, ки дар Тошканд ҷараён дорад, дар вазни то 73 кг мақоми севумро касб кард ва барандаи медали биринҷӣ шуд.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби мардонаи дзюдои кишвар ҳафт варзишгар шомил аст: Ҷамшед Халилов (60 кг), Сӯҳроб Раҳимов (66 кг), Расул Боқиев (73 кг), Фарҳод Раҳимов (81 кг), Парвиз Собиров (90 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (100 кг) ва Абубакр Раҳмонов (+100 кг).

Бояд гуфт, ки аз рӯи натоиҷи сабқати қитъавӣ, имтиёзҳои олимпии дзюдочиён дар солҳои 2010-2012-ум ҷамъбаст хоҳад шуд. Барои ба даст овардани имтиёзҳои олимпӣ Расул Боқиев, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Фарҳод Раҳимов ва Парвиз Собиров имконоти хуб доранд.

Расул Боқиев дар рақобатҳо дар вазни то 73 кг дар нахустин қувваозмоияш бар Чун Та Ҳёнги тайванӣ пирӯзӣ ба даст овард. Расул дар даври дувум Ринат Иброҳимови қазоқистониро шикаст дод ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Рақиби ӯ дар нимфинал Ки Чун Ванг, паҳлавони маъруфӣ Кореяи Ҷанубӣ, буд, ки паҳлавони тоҷикро мағлуб сохт. Расул барои ҷои севум бар Озод Кубакаеви қирғиз ғолиб омад.

Дар ин вазн инчунин Наврӯз Ҷӯрақобилови узбакистонӣ бар Алӣ Маломатии эронӣ дастболо шуд ва мақоми севумро касб намуд. Барои унвони қаҳрамони Осиё дар ин вазн Ки Чун Ванг (Кореяи Ҷанубӣ) ва Шоҳеи Оно (Ҷопон) талош карданд. Паҳлавони маъруфи кореягӣ медали тилло ва рақибаш медали нуқра ба даст оварданд.

Паҳлавони дигари тоҷик Ҷамшед Халилов (60 кг) дар даври аввал Даврон Маразикови қирғизро шикаст дод, вале дар даври баъдӣ аз Еркебулан Косаеви қазоқ мағлуб гашт.

Сӯҳроб Раҳимов (66 кг), ки дар даври муқаддамотӣ аз рақибаш Томофуми Таказои ҷопонӣ шикаст хӯрд, аз идомаи мубориза маҳрум шуд.

Имрӯз варзишгарони вазнашон то 60 кг, 66 ва 73 килограмм рақобат карданд. Дар мусобиқа беш аз 200 дзюдочӣ аз 25 кишвар ширкат доранд.

Рӯзи 28-уми апрел боз чаҳор паҳлавони тоҷик - Фарҳод Раҳимов, Парвиз Собиров, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Абубакр Раҳмонов барои ҷоизаҳои мусобиқа ва имтиёзҳои олимпӣ талош хоҳанд кард.

Дар нахустин даври мусобиқа Фарҳод Раҳимов бо Вен Шун Ву (Тайван), Парвиз Собиров бо Қувват Нуриев (Туркманистон), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бо Болот Токтогонов (Қирғизистон) ва Абубакр Раҳмонов бо Сунг Мин Ким (Кореяи Ҷанубӣ) қувваозмоӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG