Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи назорату интизоми ФФТ капитани дастаи "Равшан"-ро аз 5 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.

Капитани дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб Сафаралӣ Каримов хушҳол нест, ки ӯро бо капитани дастаи Челсии Лондон Ҷон Террӣ муқоиса кардам. Каримов мегӯяд, капитани «Челсӣ” дар қуваозмоии ниманиҳоии Ҷоми қаҳрамонони Аврупо ҳарифаш аз “Барселона”-ро аз ақиб ҳамла кард ва одилона аз бозӣ берун кашида шуд, вале дар қуваозмоии даври сеюми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон ӯ бо ҳамлагари дастаи “Истиқлол” рӯ ба рӯ омад ва ба ӯ тасодуфан зарба зад: “Ҷон Террӣ ҳарифи бетӯбро аз пас ҳамла кард ва одилона аз майдон берун кашида шуд. Ман бо ҳарифам аз “Истиқлол” рӯ ба рӯ будам ва тасодуфан поям ба ӯ расид. Баъд аз ин ҳодиса ман аз ӯ бахшиш пурсидам”.

Зоҳиран Диловар Орзуев, сардовари қуваозмоии “Равшан” ва “Истиқлол” низ ба ҳамин ақида буду Сафаралӣ Каримовро бо корти зард, яъне огоҳӣ муҷозот карду имкон дод, ки ӯ бозиро идома диҳад.

Аммо рӯзи сешанбе Кумитаи назорат ва интизоми Федератсияи Футболи Тоҷикистон дар заминаи баррасии шикояти “Истиқлол” аз бозии 19-уми апрел, ки дар Кӯлоб бо ҳисоби як бар ҳеҷ ба фоидаи “Равшан” анҷом ёфта буд, капитани “Равшан”-ро муҷозот кард:

Сафар Каримов, раиси Кумитаи назорат ва интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд: “Ин футболбоз ҳамному ҳамфамилияи ман аст. Ман беш аз ҳар каси дигар намехостам, ки ӯро ҷазо диҳем. Лекин мехоҳам, ки интизом барқарор шавад. Дар сабт дида мешавад, ки Каримов Сафаралӣ бо рафтору ғайрифутболӣ ва бо мақсади лат додани ҳариф бо пои рост болои ӯ ҳамла кардааст. Тибқи регламенти кории мо, масъули чунин хилофкорӣ бояд аз 5 қуваозмоӣ маҳрум шуда, бар илова 5 ҳазор сомонӣ ҷарима бипардозад ”.


Ҳамроҳ бо капитани дастаи “Равшан” камаш чаҳор футболбоз ва сармураббии ин даста 500 сомонӣ ҳар яке ҷарима шуданд ва ҳушдор гирифтанд.

Гузашта асз ин рӯзи 26-уми апрел Федератсияи футболи Тоҷикистон сардовари қуваозмоии “Равшан” ва “Истиқлол” Диловар Орзуевро бо ҷурми роҳ додани ба иштибоҳ, барои чаҳор даври бозиҳо дар Лигаи Олӣ аз ҳакамӣ маҳрум кард. Ҳамзамон нозири ин бозӣ Шавкат Аҳмадов аз назорати ду бозии оянда барканор шуд.

Вақте мо аз Орзуев пурсидем, ки оё муҷозотро одилона мешуморад ӯ гуфт, ки хабарро бори аввал мешунавад: “Ман хабар надорам ва касе ба нагуфтааст, ки маро ҷазо додаанд. Вале рӯзи чоршанбе раҳбарони Федератсия ба ман наворҳоро нишон доданд, ки дар он ман воқеан ба хато роҳ додаам. Ман мебоист ба капитани “Равшан” корти сурх медодам, вале ин корро накардам. Ҳоло дидед, ки ӯро ҳам ҷазо доданду тавре мегӯед, моро ҳам.”

Ҷои ёдоварист, ки баъди бозӣ сармураббии "Истиқлол" Никола Кавазович бархӯрди Каримов бо футболбози “Истиқлол” Александр Кудряшовро шадидан маҳкум кард.

Ба ин тартиб сабқати имсолаи “Равшан” ва “Истиқлол” дар Кӯлоб боз ҳам бо баҳсҳои доғ дар майдон ва берун аз он ба анҷом расид ва дар ин байн Сафаралӣ Каримов-капитани “Равшан” ва сардовар Диловар Орзуев ба истилоҳ “барраи қурбонӣ” шуданд.

Cафаралӣ Каримов, капитани дастаи "Равшан"

Cафаралӣ Каримов, капитани дастаи "Равшан"

Аммо “хилофкорӣ асосӣ”, капитани 24 солаи дастаи “Равшан” Сафаралӣ Каримов, ки баъди ду соли ҳунарнамоӣ дар дастаи “Телеком”-и Қӯрғонтеппа ва панҷ соли ҳунарнамоӣ дар “Регар Тадаз”, имсол ба зодгоҳаш Кӯлоб баргашт ва рӯзи 19-уми апрел бори сеюм зери парчами “Равшан” ҳунарнамоӣ кард, муҷозоти Федерацияи футболро сангин арзёбӣ мекунад: “Хуб, федератсия ҷарима дод, вале набояд аз панҷ бозӣ маҳрум мекард. Футболбоз панҷ бозӣ, яъне ду моҳ аз қуваозмоиҳо барканор монад, ӯ эҳсоси бозиро аз даст медиҳад.”

Капитани дастаи "Равшан" мегӯяд: “Маоши ман 1300 сомонӣ аст. Аммо аламовар ин аст, ки ман дар давоми панҷ соли бозӣ дар “Регар” ягон дафъа корти сурх нагирифтаам. Онҳо қабл аз додани ҷазо бояд таърихи ҳунарнамоии футболбозро бубинанд, ки оё ба чунин корҳо даст задаааст ва ё ин як тасодуф мебошад?”

Падари ду фарзанди хурдсол Каримов афзуд, ки агар бар пояи ин муҷозот ду моҳ дур аз бозӣ ва чор моҳ бидуни маош монад, маҷбур аст, шуғли худро тағйир диҳад. Ба қавли ҳаводорони “Равшан”, ин ҷазо на танҳо ба Каримов зарба мезанад, балки, ҳазорон мухлиси футболро, ки рӯзҳои ҳунарнамоии “Равшан” дар варзишгоҳи Кӯлоб ҷамъ мешаванд, хашмгин кардааст. Барои аксари онҳо ин ягона тафреҳи дастрас дар зиндагии сермашаққат дар ин шаҳри ҷануби Тоҷикистон аст.


Бояд гуфт, чунин пуштибонии саросариву ҳаводорони сарсупурдае, ки дастаи “Равшан” дар Кӯлоб дорад, ягон дастаи футболи Тоҷикистон баҳрманд нест. Шояд ба таваҷҷӯҳ ба ин бозӣ аз он сабаб зиёд буд, ки соли гузашта қуваозмоии “Равшан” ва “Истиқлол” дар Кӯлоб, ки бо пирӯзии “Истиқлол” ба поён расид, боиси эътирози ҳаводорони “Равшан” ва бархӯрди ҳаводорон бо пулис гардид.

Рустами Эмомалӣ - бозигари собиқи "Истиқлол" ва ҳоло раиси ФФТ

Рустами Эмомалӣ - бозигари собиқи "Истиқлол" ва ҳоло раиси ФФТ

Он замон ҳаводорони “Равшан” ФФТ-ро бо ҷонибгирӣ аз дастаи зери нуфузи писари президенти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ муттаҳам карданд. Чандин футболбози “Равшан” ҷазо гирифту ин даста маҷбур шуд, бозиҳои худро дар майдонҳои ба истилоҳ “бетараф” гузаронад. Аммо ғайричашмдошт ин муҷозот сафи ҳаводорони “Равшан”-ро ба маротиб бештар ва номи онро вирди забонҳо кард.

Як сокини шаҳри Кӯлоб бо номи Баҳриддин мегӯяд, барои аксари ҷавонони шаҳри Кӯлоб, ки ба ҷуз пайравӣ аз пешвоёни рӯҳонии ин маҳал машғулияти дигаре надоштанд, футбол даричаеро ба сӯи шодмонӣ ва тафреҳ боз кардааст: “Бисёре аз онҳо ду се моҳ пеш фақат дар масҷиди вақт мегузаронанд. Вақте Ҳоҷӣ Мирзо аз Кӯлоб рафт, онҳо ба варзиш ва дастгирӣ аз «Равшан” рӯ овардаанд.”

Ҳаводорони "Равшан" дар сомонаи "Озодӣ" низ хеле фаъоланду ба хотири барқарор намудани адолат талош меварзанд. Дар миёни садҳо шарҳу тафсир ва наворҳои видео, ки хонандагон ва ҳаводорони “Равшан” ба сомонаи радиои Озодӣ ирсол намудаанд, шикоят шудааст, ки дастаи “Истиқлол” аз имтиёзи хоси раҳбарони Федератсияи футбол бархӯрдор аст. Онҳо ёдрас кардаанд, ки дар рафти бозӣ “Истиқлол” ҳам ба хилофкорӣ роҳ дода буд, вале ягон нафар аз футболбозони ин даста ҷазо нагирифт.

Онҳо мегӯянд, маҳбубияти “Истиқлол” дар назди Федератсияи футбол аз он аст, ки сарвари он Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳур ва ҳамлагари собиқи “Истиқлол” аст. Вале Федератсияи футбол ин фарзияро комилан беасос мешуморад.

Як мансабдори Иттиҳодияи футбол дар ҷавоб ба ин айбнома иброз дошт, ки агар "Равшан" ҳам аз рӯи қонуншиканиҳои “Истиқлол” шикоят менавишт, шояд “Истиқлол” низ муҷозот мешуд. Аммо дастаи “Равшан”, ки пирӯзии худро бар рақиби қадимӣ таҷлил мекард, фурсатро аз даст дод.

Сафаралӣ Каримов мувофиқ аст, ки чунин шикоят матраҳ нашуд, вале ӯ умед дорад, ки масъулони футбол муҷозоти ӯро бозбинӣ намуда, имкон медиҳанд, ки барвақттар ба майдон баргардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG