Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти Узбакистон аз амалкарди марзбонони тоҷик


Кумитаи марзбонии Узбакистон мақомоти Тоҷикистонро айбдор кардааст, ки бо вуҷуди созишҳои охир шаҳрвандони Узбакистонро дар қитъаҳои дақиқношудаи марз гузар намедиҳанд. Дар изҳороти кумита гуфта мешавад, бино бар протоколи мулоқоти раҳбарони марзбонии ду ҷониб, Руслан Мирзоев аз тарафи Узбакистон ва Шералӣ Мирзо аз тарафи Тоҷикистон дар 14-уми апрели соли равон, Узбакистон бидуни интизор шудани мӯҳлати 10-рӯза, сар аз 22-юми апрел ба убури сокинони маҳалли Сарваки ноҳияи Ашт ва кормандони ширкати “Дӯстӣ”-и деҳаи Работ роҳ дод, аммо тарафи Тоҷикистон ӯҳдадориҳои гирифтаи худро ба иҷро нарасонд.
XS
SM
MD
LG