Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон ёвари Боқиевро ба Қирғизистон надод


Додситонии кулли Қирғизистон мегӯяд, Гурҷистон дархости истирдоди собиқ раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурияшро рад кардааст. Бишкек Оксана Малеваннаяро барои он мехоҳад, ки вай ба расондани фармони тирандозӣ ба тазоҳуркунандагони бесилоҳ дар соли 2010 айбдор мешавад. Мақомоти Гурҷистон гуфтаанд, Малеванная аз Тифлис дархости паноҳандагӣ кардааст ва то муайян шудани мақоми ҳуқуқияш дар ин ҷо хоҳад монд. Малеванная дар моҳи апрели соли 2010 дар Қирғизистон боздошт шуда, пас аз муддате ба ҳабси хонагӣ гузаронда шуд. Вале вай аз Қирғизистон фирор кард ва дар ҳоле ки Украина ӯро напазируфт, вориди Гурҷистон гашт.
XS
SM
MD
LG