Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳли оилаи Усома бин Лодин ба Саудия фиристода шуд


Аҳли хонадони Усома бин Лодин аз Покистон ихроҷ шуд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, се ҳамсар ва фарзандони бин Лодин ба ҳавопаймое шинонда шуданд, ки ба Арабистони Саудӣ парвоз мекард. Покистон онҳоро пас аз қатли бин Лодин аз тарафи нерӯҳои вижаи Иёлоти Муттаҳида дар як амалиёти махфӣ дар моҳи майи соли гузашта боздошт карда буд.
XS
SM
MD
LG