Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ гуфт, агар русҳо раванд, вай истеъфо медиҳад


Раисиҷумҳури Гурҷистон, Михел Саакашвилӣ, гуфт, вай омодааст, дар ивази хуруҷи нерӯҳои Русия аз ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон аз мақомаш истеъфо диҳад. Саакашвилӣ ҳамчунин Русияро айбдор кард, ки талош дорад, ҳукуматро дар Гурҷистон иваз кунад ва онҳоеро ба қудрат расонад, ки, ба гуфтаи ӯ, “ишғол”-и қаламрави Гурҷистонро қонунӣ гардонанд. Ҳарду минтақаи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазия баъд аз пирӯзии Русия дар ҷанги соли 2008 бар Гурҷистон худро давлатҳои мустақил эълон карданд. Русия ва чанд кишвар ин истиқлолиятро ба расмият шинохтанд. Ҳарду минтақа шадидан ба ҳимояти иқтисодӣ ва ҳарбии Русия вобастаанд.
XS
SM
MD
LG