Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ба Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ 10 миллиард $ медиҳад


Сарвазири Чин, Вен Ҷябао, эълон кард, ки кишвараш ба Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ 10 миллиард доллар қарзи дарозмуддат медиҳад, то ҳамкориҳои марбут ба хадамоти зербиноӣ, фанновариҳои нав ва иқтисодиёти сабзро густариш диҳад. Дар ҳамоиши соҳибкорони Чин ва Аврупои Марказӣ дар Варшава, пойтахти Лаҳистон, Вен ҳамчунин гуфт, кившараш ним миллиард доллари дигарро ба пуштибонӣ аз корхонаҳои мушатарак сарф хоҳад кард. Вай афзуд, мехоҳад, ҳаҷми ҳамкориҳои Чин бо Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ аз 53 миллиарди соли 2011 дар чаҳор соли дигар ба 100 миллиард доллар расад.
XS
SM
MD
LG