Пайвандҳои дастрасӣ

Чарлз Тейлор дар ҷиноятҳои ҳарбӣ айбдор шуд


Чарлз Тейлор иттиоҳмро қабул надорад

Додгоҳи байнулмилалии СММ оид ба ҷиноёти низомӣ раисиҷумҳури пешини Либерия Чарлз Тейлорро дар даст доштан дар ҷиноёти низомӣ ҳангоми ҷанги шаҳрвандии солҳои 1989-2003 дар кишвари Сиерра-Леоне айбдор намуд.

Додгоҳ собит кард, ки Тейлор ба яке аз ҷонибҳои даргир – ба ошӯбгарон кӯмак мекард. Як нуктаи иттиҳом алайҳи Тейлор – раҳбари бевосита ба амалиёти ошӯбгарон аз парванда лағв карда шуд. Бар асари даргириҳо дар Сиерра-Леоне тақрибан 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҳукми Додгоҳи байнулмилалии СММ оид ба ҷиноёти низомӣ дар мавриди Чарлз Тейлор рӯзи 30 май эълон хоҳад шуд. Раҳбари пешини Либерия иттиҳомро рад мекунад.

Чарлз Тейлор нахустин раҳбари як кишвари африқоист, ки аз сӯи додгоҳи байнулмилалӣ маҳкум мешавад.
XS
SM
MD
LG