Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйхати довталабони курсии президенти Миср нашр шуд


Аҳмад Шафиқ, охирин сарвазир дар ҳукумати Муборак, низ дар интихобот ширкат мекунад
Аҳмад Шафиқ, охирин сарвазир дар ҳукумати Муборак, низ дар интихобот ширкат мекунад
Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Миср 13 номзад ширкат хоҳанд кард. Рӯйхати ниҳоии довталабони курсии сарвари давлатро имрӯз Комиссиюни марказии интихоботи Миср нашр кард. Дирӯз Комиссиюн аризаи бознигарии нахуствазири собиқ Аҳмад Шафиқро баррасӣ кард ва ба ӯ иҷозаи ширкат дар сабқати президентиро дод.

Миёни номзадҳо – намояндаи ҳаракати “Ихвон-ул-Муслимин” Муҳаммад Мурсӣ ва собиқ Дабири кулли Иттиҳоди кишварҳои араб Амр Мусо низ ҳастанд.

Даври аввали интихобот рӯзҳои 23 ва 24 май баргузор мешавад, баъдан моҳи июн ду номзади раъйҳои бештарро соҳибшуда барои дарёфти курсии раисиҷумҳур мубориза мебаранд.

Интихоботи раёсатҷумҳурӣ бори аввал баъди бар асари эътирозҳои оммавӣ аз мақомаш истеъфо додани сарвари пешини Миср Ҳуснӣ Муборак баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG