Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик барои роҳхатҳои олимпӣ талош мекунанд


Дар шаҳри Таюани Чин сабқати роҳхатгирӣ ба Олимпиадаи Лондон дар риштаҳои гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ шурӯъ шуд, ки чаҳор рӯз идома хоҳад кард.

Варзишгароне, ки дар вазни худ ҷойҳои аз 1-ум то 3-юмро мегиранд, роҳхатҳои олимпиро ба даст меоранд.

Ба иттилои Федератсияи гуштии Тоҷикистон дар ин мусобиқа дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар риштаи гуштии озод Вайсиддин Ибодов (55 кг), Фарҳоди Усмонзода (60 кг), Сомиршо Воҳидов (66 кг), Манучеҳр Маллаев (74 кг), Салим Хоҷаев (84 кг) ва Фарҳод Анақулов (120 кг) ҳунарнамоӣ мекунанд.

Тоҷикистонро дар риштаи гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ Манучеҳр Алаев (84 кг), Ҳабибулло Абдуллоев (96 кг) ва Муродҷон Тӯйчиев (120 кг) намояндагӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG