Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фараж": ҲНИТ омодааст фаъолияти худро қатъ намояд


Сафари расмии вазири умури хориҷии Русия ба Тоҷикистон аз мавзӯъҳои аслии нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта аст.

'НИГОҲ'

Дар матлаби "Ояндаи Тоҷикистон: губернияи Русия ё давлати соҳибистиқлол?" менависад, "бо он ки ин сафар тавре интизор мерафт, бидуни натиҷа анҷом ёфт, вале як бастаи калони пешниҳодҳои Кремл акнун барои чанде рӯи мизи президенти Тоҷикистон хоҳад хобид." Аммо "Нигоҳ" дар ин матлаб сенарияи якум: таслими бечунучарои ҳукуматро пешниҳод кардааст, ки тибқи ин сенария "раҳбарияти сиёсии Тоҷикистон то фарорасии зимистони соли оянда таҳти таъсири вазъи иҷтимоиву сиёсии ногувори кишвар ва фишори шадид ҳам аз дохил ва ҳам аз хориҷ ба шартҳои ҷониби Русия пурра розӣ мешавад." Ҳамчунин ба таъкиди нашрия "ҳукумати Тоҷикистон ба гузаштҳои шиорӣ ё декларативие дар соҳаи муҳоҷират муваффақ шуда, шароити муҳоҷирон каме беҳ мешавад ва интиқоли маблағҳои муҳоҷирон аз Русия солона 12-20 дарсад меафзояд."

'ОЗОДАГОН'

Нашрия бо дар миён гузоштани суоли "Интихоботи 2013-қартаи навбатии Русия?" аз қавли коршиносон навиштааст, "Тоҷикистон танҳо ба хотири курсӣ ба фишорҳои Русия сабр мекунад". Аммо нашрия ба ваъдахилофии Русия низ ишора мекунад. "Соли 2009 Дмитрий Медведев ҳангоми боздиди худ аз Душанбе ваъда карда буд, ки Русия дар наздиктарин фурсат дар дохили дарёҳои Тоҷикистон се нерӯгоҳи миёнасуръат бунёд хоҳад кард. Тавре ҳама шоҳид ҳастем ин ваъда низ мисли ваъдаҳои қаблӣ амалӣ нашуд",-омадааст дар "Озодагон".

'ИМРӮЗ-НЮЗ'

Бо нашри матлаби "Душанбе дигар аз Маскав наметарсад" навиштаааст, "айни замон пешорӯи Маскав барои ба даст овардани ризояти Душанбе дар бархе масъалаҳо вазифаҳои бузург меистанд. Маскав бояд акнун донад, ки Душанбе на онест, ки дар чанд соли қабл буд". Ба таъкиди нашрия "бори дигар ба қудрат расидани Путин низ наметавонад баёнгари он бошад, ки раҳбарияти Тоҷикистон хатоҳои таърихии худро такрор мекунанд." Нашрия мӯътақид аст, "ин бор Душанбе "ҳафт бор чен мекунаду як бор мебурад."

'ТОҶИКИСТОН'

Мавзӯи миёнҷигарии Русия дар ҳалли муносиботи Тоҷикистон ва Узбакистон ба чолиш кашида ва навиштааст, "Сергей Лавров, вазири хориҷии Русия Тоҷикистон ва Узбакистонро ба гуфтушунид даъват мекунад, аммо чаро миёни Душанбею Тошканд миёнарав намешавад?" Нашрия менависад, "агар Маскав воқеан ҳам ҷонибодори муносиботи хуб миёни Тоҷикистон ва Узбакистон бошад, барои ӯ ин мушкил нест ва метавонад бо он фишангҳое, ки дар даст дорад, ин корро анҷом диҳад."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00
Линки мустақим


'СССР'

Фаъолияти ширкати "Газпром"-и Русияро ба таҳлил кашида ва дар матлаби "Газпром дар Тоҷикистон газ меҷӯяд, ё ҷанг?" навиштааст, "замоне қимати сӯзишворӣ дар Бишкеки ҳамсоя ба маротиб арзон асту дар Душанбе баръакси он, чӣ тавр мардум нашӯрад? Вақте бензин аз қаламрави Қирғизистон ба берун қочоқ мешавад, Бишкек маҷбур аст, ки марзро битамом ба рӯйи ҳамсоя бандад. Дар натиҷа муносибати Тоҷикистон бо ҳамсояи осиоиштатаринаш - Қирғизистон сард шудан дорад ва ин шӯриши сохта ва айёронаи Газпромист!" Ба навиштаи нашрия "ин амали Газпром на танҳо дар байни мову Бишкек рахнаи тафриқа зад. Ҳамин интрижкаҳои Газпроми Русия сари ҳукумати пешини Акаеву Боқиевро хӯрда, Юлияи украиниро маҳбусӣ намуд ва ба инқилобҳои Минску "оқ"-шавии Лукашенко аз ҷониби Маскаву Брюссел замина гузошт."

'ФАРАЖ'

Гуфтугӯеро бо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили порлумон анҷом додааст. Оқои Кабирӣ дар ин сӯҳбати худ гуфта, ки "ин ҳизб тайёр аст, фаъолияташро қатъ намояд, агар он ба манфиати миллату давлат бошад." Ҳамзамон Кабирӣ мегӯяд, "агар мо фаъолияти худро қатъ кардем, нефту газ пайдо мешавад? Бубинед, ҳеҷ кас дар дохил халал намерасонад, ки ҳукумати амалкунанда барномаҳои худро амалӣ созад, тамоми шохаҳои ҳокимият дар ихтиёрашон, ҳар қонуне, ки хоҳанд қабул шуда истодааст, сарватҳои давлативу миллӣ, тамоми ниҳодҳои илмӣ ва фикрӣ дар ихтиёрашон. Наҳзат ғайр аз андеша ва раъйи қисме аз мардум чизе надорад, ки халал расонад." Баръакс ба таъкиди раҳбари ҲНИТ "имиҷи Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳо шояд ба хотири фаъолияти ҳамин ҳизб беҳтар бошад."

'МИЛЛАТ'

Дар матлаби "Таҳқири муҳоҷир аз фурудгоҳи Душанбе шурӯъ мешавад" мушкилоти муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст. Нашрия навиштааст, "қавоқҳои гирифтаи баъзе масъулон дар рӯёрӯӣ бо муҳоҷири мусофир мисоли "шлагбаум" дар постҳои даврони нобасомониҳои Тоҷикистон аст, ки бо овози дағал шунида мешавад: "наркотика ё оружия надорӣ?"(!). Ин суоли таҳқиромез аст, касе аз ин суол хато намехӯрад. Ин жаргон бештар дар зиндон дар муносибат бо зиндонӣ, ҷинояткор ва гумонбари ҷиноят истифода мешавад. Ин маънои онро дорад, ки ниҳодҳои интизомии мо дар симои ҳар муҳоҷир "наркобарон-ҷинояткор"-ро мебинанд. Куҷо расад шиква аз бегонаҳо." Нашрия бо ишора ба таъсиси шӯрои ҷамъиятии муҳоҷират, ки ахиран фаъол шуд, навиштааст, "ин шӯро бояд мардумӣ бошад. Ин шӯро бояд комилан аз қабати хадамот ва ҳама гуна ниҳоди давлатӣ озод мебуд, то битавонад дар ҳар маврид дар ҳалли мушкилиҳо ба Хадамоти муҳоҷирату ниҳодҳои дигар таъсиргузор бошад."

'АЗИЯ-ПЛЮС'

Бо чопи мақолаи "Шаҳре пур аз "муздур" ба мавзӯи мардикорӣ дар пойтахти Тоҷикистон пардохта ва навиштааст, "сол аз сол шумораи ин афрод дар нуқтаҳои таҷаммӯи мардикорон меафзояд. Мардикорон ба иҷрои ҳама гуна корҳои сангин, ки ҳатто дар сурати паёмади нохуш ҷуброне нахоҳад дошт, омодаанд." Ин аст, ки Сафар, яке аз мардикорон ба нашрия гуфтааст, "мо ба ҳама коре, ки маблағ пардохта мешавад, розӣ мешавем. Аз вагонҳо бор мефарорем, замин меканем. Санаде барои ин лозим нест, муҳим пул диҳанд."
XS
SM
MD
LG