Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 4 корманди полис дар Бадахшони Афғонистон


Шаби гузашта бар асари ҳамла ба як постгоҳи полис дар вилояти Бадахшон, воқеъ дар шимолу шарқи Афғонистон, чаҳор нафар кушта ва 16 каси дигар рабуда шуданд.

Ба иттилои раиси полиси вилоят Абдул Сабур Нусратӣ, дар ин ҳамла дар ноҳияи Вардуҷ, воқеъ дар марз бо Покистон, ду афсари дигари полис маҷрӯҳ шуданд.

Масъулияти ҳамларо толибон бар дӯш гирифтанд. Ду моҳ қабл дар ин минтақа ҳамин гуна ҳамла сурат гирифта буд. Он вақт ҳамлагарон се корманди полисро кушта ва 12 нафари дигарро бо худ бурда буданд. Чанд ҳафта баъд гаравгонҳо раҳо карда шуданд.
XS
SM
MD
LG