Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Машқи низомии сарбозони рус дар Тоҷикистон


Дмитрий Матушкин, сухангӯи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дивизияи 201-ум дар се размоишгоҳ дар Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа машқи низомии худро оғоз кардааст. Ҳадафи аслии ин машқҳо бо роҳҳои нав мушаххас кардани ҷои ҳузури мухолифон дар муҳосира гирифтан ва нобуд кардани онҳо дар шароити кӯҳистон мебошад.

Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл аз ин машқи низомӣ вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба созишномаи тамдиди ҳузури ин пойгоҳ дар Тоҷикистон мулоқот карданд. Аммо Дмитрий Матушкин гуфт, ин машқи низомӣ тиюқи нақшаи пешина тарҳрезӣ шудааст ва мебоист дар ҳамин рӯз баргузор карда мешуд.
Дар ҷараёни ин машқҳо аз силоҳҳои вазнин ва зиреҳпӯшҳо низ истифода карда шуда, ҳудуди якуним ҳазор тир, 2 ҳазор норинҷакҳои мухталиф ва 500 мина истифода карда мешавад.
XS
SM
MD
LG