Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисиҷумҳури Олмон сафараш ба Украинаро лағв кард


Йоахим Гаук
Йоахим Гаук
Раисиҷумҳури Олмон Йоахим Гаук имрӯз бар асари нигаронияш аз вазъи сиҳат ва шароити дар маҳбас нигаҳ доштани нахуствазири собиқи Украина Юлия Тимошенко сафари худро ба шаҳри Ялтаро лағв кард. Қарор буд, ки ӯ рӯзҳои 11 ва 12 май дар мулоқоти сарони кишварҳои Аврупои марказӣ дар Ялта ширкат кунад.

Ба иттилои нашрияи Suddeutsche Zeitung, Гаук дар мавриди лағви сафараш ба Украина баъд аз машварат бо садри аъзам Ангела Меркел тасмим гирифтааст.

Ҳафтаи гузашта Юлия Тимошенко ба нишони эътироз алайҳи лату кӯб ва аз роҳи зӯрӣ ба бемористон бурданаш гуруснашинӣ эълон кард. Нахуствазири собиқ аз дарди сахт дар тахтапушт азият мекашад ва имрӯз Берлин бори дигар аз Киев хостори барои табобат ба Олмон фиристодани ӯ шуд.

Чанд рӯз пеш дар шаҳри Харков муҳокимаи парвандаи нави ҷиноии Юлия Тимошенко шурӯъ шуд. Нахуствазири пешин, ки барои сӯистифода аз мақом зимни имзои созиши хариду фурӯши газ бо Русия барои 7 сол маҳкум ба зиндон шудааст, ин дафъа барои харҷи нодурусти 400 миллион доллари буҷа замони раиси ширкати энерҷии Украина буданаш айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG