Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд: Ленинобод Чорбоғ шуду Карл Маркс - Фозилон


Дар шимоли Тоҷкистон номи чанде аз шаҳраку деҳаҳо ба номҳои "гӯшнавоз"-и тоҷикӣ иваз шудаанд.

Шаҳраки КИМ - Нурафшон, Ленинобод - Чорбоғ, Карл Маркс - Фозилон, Советобод - Рукнобод, Қамишқӯрғон - Меҳробод, Қуз-Қайнар - Оби Шифо, Қирғинҷар – Сомон, Ҷалбузӣ - Шуҳратёр…ном гирифтанд.

Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, ҳамин тавр, номи даҳҳо шаҳраку деҳоти кишварро ба далели "бегонаву гӯшхарош" буданашон дар саросари Тоҷикистон ба номҳои "зебою гӯшнавоз"-и тоҷикӣ иваз кард. Аҳли фарҳангу адаб ин амрро арҷгузорӣ ба фарҳангу арзишҳои миллӣ номиданд.

Набӣ Ҷӯраев, сармутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги вилояти Суғд мегӯяд, ин ном ивазкарданҳо бо хоҳиши сокинон ва ҳам талаби замон сурат мегирад: "Агар номи шаҳру деҳот бо мазмуни баланду созгор ба арзишҳои миллӣ ба қалби мардум ҷой наёбанд, оҳиста-оҳиста аз байн мераванд. Бубинед, Фрунзе номи як лашкаркаши рус, ба як деҳаи имрӯзии тоҷик чӣ пайванд дорад? Пайи қадами вай ба деҳаи Истаравшан нарасида бошад, насли ҷавон ӯро нашиносаду надонад, пас, беҳтар нест, ки ин деҳа Сабристон бошад?"

Бархе аз коршиносон табдили номҳои бархе аз шаҳру деҳоти Тоҷикистонро бозгӯи тағйир хӯрдани арзишҳои маънавии ҷомеа дар давраи нав, ки умдатан ба касби истиқлолу эҳтироми арзишҳои миллӣ гиреҳ мехӯрад,
Ҷӯра Юсуфӣ
Ҷӯра Юсуфӣ
арзёбӣ мекунанд. Аммо Ҷӯра Юсуфӣ, сардабири нашрияи мустақили "Дам" дар Хуҷанд, мегӯяд, ба назар мерасад, ҳукумат дар ин самт як барномаи мушаххас надорад: "Масалан, шоҳроҳи "Ваҳдат" байни Душанбеву Суғд расман роҳи "Душанбе-Хуҷанд- Чаноқ" номида шуд. Ё ҳамин тавр, "Душанбе-Қулма-Қароқурум". Ин номҳоро "Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон" ё "Душанбе-Хуҷанд-Масчо" номидан мумкин буд. Аммо як номи гӯшхарош ва бегонаи мардуми маҳаллӣ кайҳо фаромӯшкардаро дубора зинда ва ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд. Ё ба ҷойи роҳи "Қулма-Қароқурум" гӯиши гӯшнавози тоҷикии "Душанбе-Бадахшон" ё дигареро гузоштан мумкин буд."

Набӣ Ҷӯраев, сармутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги Суғд меафзояд, бозорҳои бузурги чинӣ дар Суғду Қурғонтеппа низ чанд сол пеш расман "Атушбозор" номгузорӣ шуданд. Сипас, баъд аз он ки номи онҳо то дараҷае дар забони мардум нишаст, дар Суғд онро иваз карданд.

Дар чанд соли ахир дар вилояти Суғд шаҳракҳои Олтинотопкан ба Зарнисор, Нов ба Спитамен ва ҳамакнун КИМ (ноҳияи Исфара) ба Нурафшон табдили ном карданд. Мусоҳиби мо Ҷӯра Юсуфӣ мегӯяд, вақти ивази номи Қайроққуму Чкалов ҳам фаро расида, аммо мақомот дар ивази онҳо шитоб намекунанд.

Бо қарори Маҷлиси Миллӣ ҳамчунин дар ноҳияи Ҳисор - деҳоти Хонақоҳ ба Сомон, Қарамқул ба номи Мирзо Турсунзода, Якуми Май ба Чашмаи Моҳиён, деҳаи Оқулии боло ба Сарчашма, Оқулии поён ба Сайёд, деҳаи Заря-Востока ба Хушманзар, Қизилқишлоқ, деҳаи Ҷарак ба Сафобахши шаҳраки Шарора, деҳаи Қарапичоқ ба Ниёгон, деҳаи Учқул ба Зартеппа деҳаи Қулмунда ба Мўъминобод деҳаи Чептураи боло ба Гулрез, деҳаи Киров ба Себистон, деҳаи Қизил-Юлдуз ба Ситора табдили ном карданд.

Дар вилояти Хатлон бошад - деҳаи Бешбулоқ ба Чашмасор, деҳаи Комсомол ба Ваҳдат, Қӯз-Қайнар ба Оби Шифо, Қирғинҷар ба деҳаи Оли Сомон, деҳаи Туғул ба Хуррамзамин, деҳаи Саксанохур ба Кӯҳандиёр, деҳаи Ҷалбузӣ ба Шӯҳратёр, деҳаи Бобосафоли Поён ба деҳаи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, деҳаи Сопкадил ба Ҳамид Баротов, рустои Чапаев ба номи Саъдии Шерозӣ, деҳаи 18-Годовщина ба 20-солагии Истиқлолият номгузорӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG