Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаттоҳ Саидов: "Аз қазияи Ҷӯраев ҳангома месозанд"


Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон.

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, сарвари собиқи корхонаи кимиёи Исфара ва вакили маҷлиси Суғд дар озодӣ аст.

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасод ба Радиои Озодӣ гуфт, расонаҳои Тоҷикистон аз қазияи мазкур "ҳангома" месозанд ва воқеиятҳоро таҳриф мекунанд. Ӯ гуфт, Низомхон Ҷӯраев дар озодӣ ба сар мебарад ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои сӯҳбат бо тафтишот ҳозир мешавад.

Ӯ гуфт, "хоҳ дар Исфара ҳаст, хоҳ дар Душанбе, ҳар вақте зарур шуд, даъват мекунем, ба тафтишот ҳозир мешавад. Сарусадоҳо баланд мекунанд, ки ӯ вакили дифоъ надорад. Ду вакили дифоъ дорад. Низомхон дар як ҳафта як-ду бор ба тафтишот ҳозир мешавад. Вай бечора хабар надорад, апаш хабар надорад, аммо дар ҳама ҷо аз номи апаву хоҳараш овоза кардаанд, ки моро дидан намемонанд, ҳол он ки ӯ ҳамроҳи апаву хоҳараш гаштааст."

Низомхон Ҷӯраев

Низомхон Ҷӯраев

Худи Низомхон Ҷӯраев ҳам дар тамос бо расонаҳо эълом дошт, ки дар озодӣ аст ва ба хотири пеш наомадани ҳар гуна мушкил намехоҳад маҳалли зисташ ошкор шавад. Низомхон Ҷӯраев аз расонаҳо хоҳиш кардааст, гирди қазияи ӯ ҳангомасозӣ накунанд ва ҳар вақт, ки тафтишот анҷом ёфт, шахсан бо рӯзноманигорон шарҳи ҳол хоҳад кард. Ӯ гуфт, тафтишот воқеӣ ва боадолатона ҷараён дорад: "Ҳама далелҳои маро дида баромада истодаанд, ягон чӣ нест, ба гуфтаи русҳо ҳамааш "справедливо" рафта истодааст. Ягон кас маро аз адвокат маҳрум накардааст. Аз якум соат ман бо ҳама чиз таъмин ҳастам. Ягон шикоят надорам. Фақат аз расонаҳову нашрияҳо хоҳиши ман ҳамин аст, ки ин қадар қазияи маро пасту боло набаранд. Ман як тоҷири оддии сатҳи ноҳия ҳастам. Бовар кунед, ин ҳама ба корҳои ман халал мерасонад."



Дар ин сӯҳбат, ки гуфта мешавад, бо мусоидати мақомот сурат гирифтааст, Низомхон Ҷӯраев таъйид мекунад, ки ихтиёран ба Душанбе омадааст ва ҳамчунин дар куштори Толиб Бобоев, муовини пешини додситони кулли Тоҷикистон даст надорад. Мақомоти Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраевро ба ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла тақаллуби ҳуҷҷатҳо, саркашӣ аз пардохти молиёт, аз худ кардани маблағу амволи давлатӣ ва ҳамчунин ҳамдастӣ дар куштори Толиб Бобоев, муовини собиқи додситони кулли Тоҷикистон муттаҳам мекунанд.

Шӯҳрат Қудратов

Шӯҳрат Қудратов

Дар ҳоле, ки мақомот мегӯянд, Ҷӯраев умуман дар боздошт набуду нест, хешовандони наздики ӯ дар гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки аслан аз сарнавишти Ҷӯраев хабар надоранд. Ҳамчунин як нафар аз наздикони ӯ хабари озодиашро таҳти шубҳа бурд ва гуфт, Низомхон дар озодӣ нест ва ҳанӯз ҳам дар ихтиёри мақомот аст. Ҳамин манбаъ гуфт, вакили дифои Ҷӯраевро, ки аз сӯи хешовандонаш интихоб шуда буд, ба мулоқот бо ӯ роҳ надодаанд.

Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд, дар озодӣ будани Низомхон Ҷӯраевро худи қонунгузории Тоҷикистон иҷоза намедиҳад: "Овозае, ки гӯиё ӯро ҷавоб дода бошанд, бардурӯғ аст. Ман бовари комил дорам, ки ӯ дар боздоштгоҳ аст. Тибқи қонунгузорӣ ҳам танҳо дар ҳолати содир кардани ҷиноятҳои сабук чораи пешгирии ӯро аз ҳабс ба набаромадан аз шаҳр ё ҳабси хонагӣ иваз мекунанд. Аммо ҷиноятҳои Ҷӯраев вазнин ва махсусан вазнин маҳсуб мешаванд. Яъне дар озодӣ будани ӯ аз рӯи қонун ғайриимкон аст."

Ин маълумоти зиддунақиз суолеро ба миён меорад, ки оё пахши хабари озодии Низомхон Ҷӯраев аз тарафи як ниҳоди давлатӣ чӣ ҳадаф дорад ва рисолати ин хабар кай анҷом хоҳад шуд?

Низомхон Ҷӯраев аз соли 2007 таҳти пайгарди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон буд. Моҳи августи соли 2010 дар Маскав бо дархости вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт шуд ва дар боздоштгоҳе дар Русия ба сар мебурд. Аммо 29 марти соли ҷорӣ дар Маскав ғайб зад ва шоми 7 апрел дар телевизиони давлатии "Ҷаҳоннамо" зоҳир шуд. Коршиносон мегӯянд, хабари озодии мармузи Низомхон Ҷӯраев идомаи ҳамон бозгашти "ихтиёрӣ" ва норӯшани ӯст, ки ба як “чистон” табдил шудааст. Иддае ҳам равишро як гуна заминаи раҳоии ӯ дар оянда ва ё ҳамоно саҳнасозиҳои номаълуми мақомот ба хотири рафъи шубҳаи истирдоди ӯ арзёбӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG