Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

'Ҷазо' ба сардовару нозири бозии “Равшан”-“Истиқлол”


Диловар Орзуев

Диловар Орзуев

Кумитаи доварону нозирони ФФТ сардовар ва нозири бозии "Равшан"-у "Истиқлол" дар рӯзи 19-уми апрелро муҷозот кардааст.

Диловар Орзуев, довари ФИФА аз ноҳияи Ҳисор, ки сардовари бозии даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб ва "Истиқлол"-и Душанбе буд, аз ҳакамӣ дар бозиҳои чаҳор даври сабқати Лигаи олӣ маҳрум шуд.
Ёдовар мешавем, ин бозии марказии даври севум рӯзи 19-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ғалабаи мизбонон бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расида буд.

Ба иттилои Абдураҳим Бобоев, раиси кумитаи доварону нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон, мувофиқи низомнома ва дастурҳои ин кумита Диловар Орзуев, сардовари бозии “Равшан” - “Истиқлол”, барои роҳ додан ба хатоҳо ба муддати як моҳ (чаҳор даври мусобиқа) аз ҳакамии бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии кишвар барканор шуд.

Инчунин, нозири ин бозӣ Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, барои баҳои баланд додан (8,2 балл) ба сардовар Диловар Орзуев аз нозирии бозиҳои ду даври мусобиқаи қаҳрамонии кишвар барканор шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG