Пайвандҳои дастрасӣ

Сармоягузории ночиз ва ояндаи норӯшан бисёре аз олимони тоҷикро ба тарки кишвар маҷбур намудааст.

Беҳзод Ҷаъфарӣ, устоди риштаи кимиё (химия), аз Эрон ба Тоҷикистон омадааст. Ӯ даҳҳо китобро мутолиа кард ва 15 мақолаи пажӯҳишӣ навишт, то дарёфти унвони номзади илмро наздиктар кунад. Донишҷӯи давраи коршиносӣ ё аспирант Беҳзод Ҷаъфарӣ се соли умри худро дар пажӯҳишҳои илмӣ сарф кардааст.

Ӯ дар ин муддат хатти сирилик ва забони русиро ҳам аз худ намуд. Ин муаллими эронӣ баъд аз хатми аспирантура дар Тоҷикистон дипломи Русияро дастрас хоҳад кард, ки дар Аврупову Осиё эътироф мешавад.

Дарёфти дараҷаи илмӣ ё унвони номзади илм дар Тоҷикистон ба майдону долу зарб табдил шудааст. Ин тамоюлро дипломҳои Комиссияи олии вазорати маорифи Русия такон додааст, ки дар Тоҷикистон тақдим мешаванд. Ин диплом, ки эътирофи байналмилалӣ дорад, солона садҳо аспиранти хориҷиро ба Тоҷикистон ҷалб мекунад, ки бахши умдаи онҳо шаҳрвандони Эрон мебошанд. Ҳоло дар аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бештар аз 500 аспирант таҳсил мекунад, ки 50 дарсади ҳамаи аспирантҳои кишварро ташкил медиҳанд.

Соҳаи илми Тоҷикистон дар ҳоли бӯҳрон қарор дорад. Сармоягузории ночиз ва ояндаи норӯшан бисёре аз олимонро ба тарки кишвар маҷбур кардааст. Ба гуфтаи олимони тоҷик, ки аз ватан берун нарафтаанд, аспирантҳои хориҷианд, ки дар ин марҳилаи душвор ба онҳо кӯмак мекунанд. Олимони соҳибунвони тоҷик аз ҳамкорӣ бо аспирантҳои хориҷӣ маоши хубтарерро дарёфт менамоянд.

Аз сӯи дигар, олимон эътироф мекунанд, ки танҳо такя ба аспирантҳои хориҷӣ илоҷи кор нест. Вазъи пажӯҳишгоҳҳои Тоҷикистон воқеан ҳам риққатовар аст. Маоши ночиз, базаи фаннии кӯҳнаву фарсуда, боиси ифтихор набудани дараҷаи илмии як олим ва эҷоди монеаҳои сунъӣ бисёр ҷавонҳоро аз илму олимӣ дилсард кардааст. Онҳо пажӯҳишу омӯзишро сарфи беҳудаи вақт мешуморанд ва бештар ба омӯзиши асосҳои тиҷорат тарҷеҳ медиҳанд. Олимони донову хушхарид кайҳо ҷойгоҳи худро дар кишварҳои пешрафта пайдо кардаанд.

Академики тоҷик, Мӯсо Диноршоев, мегӯяд, барои ба по хестани соҳаи илми Тоҷикистон чораҳои оҷил заруранд. Аз ҷумла, сармоягузории ин соҳа дар ҳаҷме, ки на камтар аз 2 дарсади даромади тавлиди нохолиси миллӣ бошад. Яъне, солона 140 миллон доллар.

Дар ҳамин ҳол, аспиранти эронӣ корҳои амалиро дар озмоишгоҳи Истититути кимиёи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба анҷом мерасонад. Аммо ба назар мерасад, барои пажӯҳишҳои босифат танҳо доштани устодони қавӣ кофӣ нест. Ба ҷуз омӯзишҳои назариявӣ ба ин олим корҳои таҷрибавӣ дар дастгоҳҳои замонавӣ низ хеле муҳим аст...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG