Пайвандҳои дастрасӣ

То ҳол ҷузъиёти гуфтугӯи Сергей Лавров бо мақомоти тоҷик дар бораи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон рӯшан нест.

Баробари анҷоми сафари вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, ба Душанбе хабарнигорону коршиносон дар пайи маълумоте мегарданд, ки оё ҷузъиёти гуфтугӯ бар сари тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз чӣ иборат аст?

То ҳол натиҷае, ки хабарнигорон аз мулоқоти ҷаноби Лавров бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бардоштаанд, изҳороти дипломатии худи Лавров аст, ки гуфт, "Тоҷикистон ба ҳузури низомии Русия дар қаламраваш алоқаманд аст." Аммо доираҳои наздик ба ин музокирот мегӯянд, ҷонибҳо на бар сари ин мавзӯъ ва на бар сари саҳмдории Русия дар иншооти муҳими дигар дар Тоҷикистон ба созиш нарасидаанд.

Дар ҳоле ки гуфта мешавад Тоҷикистон барои тамдиди пойгоҳ аз Русия 300 миллон доллар талаб дорад, коршиносон мегӯянд, Русия ҳеҷ гоҳ барои ҳеҷ пойгоҳаш ин қадар маблағ сарф накардааст. Аммо аз сӯи дигар, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки танҳо сарбозонаш 7 ҳазорро ташкил медиҳанд, аз бузургтарин пойгоҳҳои ин кишвар дар хориҷ арзёбӣ мешавад ва аксари коршиносон бар инанд, ки Русия ин пойгоҳро бо дасту дандон ҳифз хоҳад кард ва эҳтимол ҷайбашро ҳам барои ҳифзи манофеаш бозтар кунад.

Ҳамин тавр, як манбаи дипломатӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чизе, ки Тоҷикистон қабул надорад, пешниҳоди Русия дар масъалаи муҳлати будубоши сарбозони рус дар хоки Тоҷикистон аст, ки Маскав онро 49 сол мушаххас кардааст. Тоҷикистон, ки дар тӯли солҳои қаблӣ аз рафтори шарики худ, чӣ дар мушкили равобит бо Узбакистон ва чӣ дар масъалаи сармоягузорӣ ба пружаҳои энержӣ дилсард шудааст, мехоҳад, ин ҳузур муддати кӯтоҳро дар бар гирад ва ҳар бор тамдид шавад.
Аммо бахши умдаи коршиносони дохиливу хориҷӣ мегӯянд, ин қарордод дар ниҳояти амр имзо хоҳад шуд ва ба эҳтимоли қавӣ ба шакле, ки “на сих сӯзад, на кабоб”.

Анна Матвеева, пажӯҳишгари сиёсии Донишгоҳи иқтисодии Лондон, дар шарҳи тӯл кашидани муомилоти Маскаву Душанбе бар сари пойгоҳи низомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ба андешаи ман, агар Эмомалӣ Раҳмон мехост, ки нерӯҳои Русия аз Тоҷикистон бираванд, барои ба даст овардани имтиёзи бештар муомила намекард. Агар мехост, нерӯҳои Русия Тоҷикистонро тарк кунанд, масъаларо ошкор матраҳ мекард, тавре ки дар вақташ бо нерӯҳои марзбонии Русия рафтор кард. Чун Эмомалӣ Раҳмону атрофиёнаш мехоҳанд, имтиёзҳои муносибтаре аз Русия ба даст оранд, бояд талаботи бештар дар миён гузоранд.”

Аммо Худойбейрдӣ Холиқназаров коршиноси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ишора ба изҳороти Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи филиали як донишгоҳи Русия дар Душанбе гуфт, Тоҷикистон дигар мавқеи худро қатъӣ нишон додааст ва намехоҳад гузашт кунад. Вай афзуд, "Тоҷикистон мехоҳад фаҳмонад, ки бояд манфиатҳои дутарафа баробар ва аз ду ҷониб эҳтиром гузошта шуда пуштибонӣ шаванд. На ин ки Русия ҳар вақте, ки хост боҷи бензинро зиёд кунад ва ё нархи чизеро боло бубарад. Муносибати судманд аз ду тараф риоя шавад."

Қаблан, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ низ дар як нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон ишора карда буд, ки Тоҷикистон моли ройгон ё бепул надорад ва ба ҳама гуна муомилот аз зовияи манофеи миллӣ ворид хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG