Пайвандҳои дастрасӣ

"Тоҷик"-и ғарқшуда дар Дубай шаҳрванди Русия будааст


Мақомоти Русия мегӯянд, ғарқшудаи осоишгоҳи Аҷман, ки пештар шаҳрванди Тоҷикистон эълон шуд, шаҳрванди Русия, Рустам Сагиров будааст. Консулгарии Русия дар Дубай гуфт, ҳувияти ӯ шиносоӣ шуда, ҳоло масъалаи интиқоли ҷасадаш ба Русия баррасӣ мегардад. Тавре рӯзи 24-уми апрел хабар дода будем, дар соҳили осоишгоҳи Аҷмани Дубай ҷасади марди 53-сола кашф шуд, ки мақомоти Амороти Муттаҳидаи Араб ӯро шаҳрванди Тоҷикистон номиданд ва афзуданд, марги ин шахс дар асари заъфи ӯ дар шиноварӣ ё ба фосилаи зиёд дур шуданаш аз соҳил иттифоқ афтодааст. Дар хабари аввал номи шахс эълон нашуда буд.
XS
SM
MD
LG