Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳдномаи таҳсили наврасони тоҷик дар омӯзишгоҳҳои ҳарбии Русия


Вазири дифои Русия Анатолий Сердюков дар мулоқот бо ҳамтои тоҷики худ Шералӣ Хайруллоев созишномаи таълими ҳарбии шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон дар муассисаҳои вазорати дифои Русияро ба имзо расонд. Бино бар он акнун наврасони тоҷик метавонанд дар омӯзишгоҳҳои ҳарбии Русия таҳсил кунанд. Сердюков дар Пекин ҳамчунин бо қирғизи худ, генерал-майор Таалайбек Омуралиев қарордоди ҷуброни ҳузури иношооти ҳарбии Русия дар қаламрави Қирғизистонро ба имзо расонд. Русия мегӯяд, ба ин тартиб баҳси ду ҷониб дар бораи қарзи Русия аз иҷораи замин барои иншооти низомияш ҳал шудааст. Дар ҷараёни сафараш ба Маскав дар моҳи феврали соли равон раисиҷумҳури Қирғизистон, Алмосбек Отабмоев шикоят карда б уд, ки Русия аз ҳузури ҳарбияш дар Қирғизистон 15 миллион доллар қарздор аст.
XS
SM
MD
LG